24 Ноябр 2023
Дар МТМУ №6 машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар баробари баррасии мавзуъоти муҳими соҳа, дар машварат роҷеъ ба Иди Парчами миллӣ, аҳамияти ин муқаддасоти миллӣ дар тарбияи худшиносии хонандагон мубодилаи афкор гузаронида шуд.
Дар ҷараёни машғулиятҳои кушод, ки аз ҷониби омӯзгорони МТМУ №6 пешниҳод карда шуд, таъкид гардид, ки Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.
Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.
Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад.