23 Ноябр 2023
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас соли сеюм аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” баргузор мегардад.
Он дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои дурбинонаи Ҳукумати кишвар дар самти ташаккул додани афкори созанда дар зеҳни ҷавонон, рушд бахшидан ва татбиқи илми пешрафтаи замони муосир роҳандозӣ шуда, барои тақвияти илмҳои дақиқ, омўзиш ва аз худ намудани технологияҳои муосири замонавӣ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи ватандўстии насли ояндасоз равона карда шуддааст.
Боиси хушнудист, ки донишҷӯёну устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мунтазам дар ин озмун ширкуат варзида, ғолибият ба даст меоранд. Агар соли гузашта Сарвиноз Оқилова – донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисодиёт ва идора, Сӯҳробҷон Ғафуров, Мунирҷон Азимов ва Ҷаҳонгир Раҳмонов – донишҷўёни факултети информатика ва энергетика дар озмун ғолиб омада бошанд, пас имсол Махкамов Диловар Фарҳодҷонович донишҷӯи курси 4, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ бо ихтирои худ таҳти унвон “Каталоги электронии бемориҳои инсон” сазовори ҷойи якум ва Дӯсматов Абдуҳаким Ҳайдарҷонович, докторанти ихтисоси “Технологияи маҳсулоти озуқа бо ихтирои “Тарзи ҳосил намудани консентрати лӯбиё дар намуди хока” мақоми дуюмро соҳиб гардид.