22 Ноябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ҷараён дорад, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони чанде аз чунин биноҳо шинос гардид.
Тибқи иттилои масъулин имрӯзҳо дар Хуҷанд сохтмони 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон шароит фароҳам оварда мешавад.
Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев аз силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматие, ки аз ҷониби ҶДММ «Қудрат-2010» бунёд ёфта истодааст, боздид кард. Аз ҷониби ширкати мазкур 8 бинои баландошёна сохта шуда, дар қабати аввали биноҳо ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар таҳхонаи иншооти сохташаванда таваққуфгоҳҳо, дар саҳни онҳо майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон сохта мешавад.
Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони биноҳои баландошёна, инчунин лоиҳаи иншооти сохташаванда дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Бино ба маълумоти масъулин бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо дар назар аст, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Сирдарё, хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ва дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд то 1000 адад ҳуҷраҳои замонавӣ мавриди истифода қарор дода шавад. Корпусҳои аввалини биноҳои замонавии дорои тамоми шароит дар семоҳаи аввали соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ ва талабот ба манзил амалисозии лоиҳаҳоро муҳим арзёбӣ кард ва барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ширкати сохтмонӣ супоришҳо дод.