15 Ноябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд тарабхонаи “Оилавӣ” ифтитоҳ ва барои 40 нафар ятимон дастархони идона густурда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёнаи хизматрасонии “Сирдарё”, ки аз ҷониби ширкати “Евро-Сохтмон” бунёд шудааст, тарабхонаи “Оилавӣ” фаъолият менамояд. Ин тарабхона дорои 120 ҷои нишаст ва толорҳои хурди хизматрасонӣ буда, бо тарҳи муосир оро дода шуда, дар соҳили дарёи Сир воқеъ аст.
Дар 7 ошёнаи дигари бинои баландошёна утоқҳои хизматрасонӣ барои соҳибкорону ширкатҳо муҳайё карда шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ятимон изҳор доштанд, ки имрўз дар партави ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 40 нафар ятими кулл, дастархони идона ороста шуда, тўҳфаҳои идона, сару либос ва китобҳо расонда мешавад.
Таъкид гардид, ки ин қишри ҷомеа ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад. Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд