15 Ноябр 2023
Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ сифати кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад. Дар ин замина дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди варзишгоҳи 20 солагии Истиклолияти шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд