(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо садо додани Суруди миллӣ дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсия Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохиларо бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо Рўзи кормандони милитсияро бо руҳияи баланди ватандўстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи ватани соҳибистиқлоламон ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин менамояд, саломативу сарбаландӣ, рўзгори обод ва ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарвариро орзу менамоям.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки мусаллам аст, ки рушди давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад ва иҷрои ин вазифаи муҳим ба дўши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус, мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Мақомоти милитсияи тоҷик аз рўзҳо аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор – барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки “Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Халқи кишвар ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад”.

Таъкид шуд, ки дар сатҳи Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад. Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.

Зикр шуд, ки дар назди милитсияи тоҷик вазифаҳои муҳим ба монанди тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла, зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли он меистанд, ки оид ба он дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.

Шаҳрдор гуфт, ки амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмуъ таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҷонии кормандони ҳифзи ҳуқуқ буда, аз ҳар яки шумо садоқат ба савганд ва поквиҷдониву маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Зеро бори дигар таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ садоқати онҳо ба Ватан, ба шаҳри худ ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки чанде пеш як тадқиқоти Пажӯҳишгоҳи Гэллап муайян кардааст, ки Тоҷикистон дар байни 142 кишвари ҷаҳон аз лиҳози бовар ба милитсия ҷойи аввалро ишғол мекунад. Назарпурсӣ тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифта, аз ҳар кишвар ҳудуди ҳазор нафар пурсида шудаанд. Аксари пурсидашудагон аз Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар кишвар худро амн ҳис мекунанд ва ба кормандони милитсия бовар доранд. Бояд гуфт, ки соли гузашта низ дар ин раддабандӣ Тоҷикистон дар яке аз мақомҳои боло қарор дошт. Ин албатта бори дигар аз матонату фаъолияти пурсамари кормандони милитсия гувоҳӣ медиҳад ва мо бо чунин мардони шуҷои Ватан ҳамеша ифтихор мекунем.

Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуда, тўли солҳо ба ўҳдаи кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар шаҳри Хуҷанд низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд. Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шўъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.

Раиси шаҳр гуфт, ки масъулияте, ки бар дўши худ доред, аз ҳар кадоми Шумо-кормандони мақомоти корҳои дохила заҳмати шабонарўзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро талаб менамояд.

Имрўз бо қатъияти том метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳамчун як шохаи муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри оромиву осудагии халқ, амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ба кор мебаранд ва сулҳу оромиро дар шаҳр пойдор месозанд. Таҳкими робитаи милитсияи шаҳр бо ҷомеа мустаҳкам гардида, рӯз аз рӯз эътимод ва боварии мардум ба милитсия афзуда истодааст. Давлату ҳукумат, мардуми санҷидакор ҳамеша заҳматҳои шаборўзии кормандони имрўза ва собиқадорони милитсияро қадр мекунанд ва ҳаргиз фаромўш намесозанд, зеро онҳо ҷон рўи каф гирифта, осоиштагии мардумро таъмин менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста баҳри тақвияти пойгоҳи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ шароит фароҳам оварда истодааст ва минбаъд низ чунин шароити мусоидро барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерўи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Сипас ба як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд Ифтихорнома, Сипоснома ва рутбаҳои навбатӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...