03 Ноябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №37-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тарбиятгирандагон маҳфили идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кӯдакони муассисаи таълимӣ оид ба Конститутусия шеъру суруд хонда, гуфторҳо қироат карда, рақсҳои мавзун намуданд.
Таъкид шуд, ки Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем.