31 Октябр 2023
Барои тозагаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар даҳ мавзеи сераҳолии шаҳр қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд. Дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гарданд.
Ҳоло ин қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ дар ҳудуди микроноҳияҳои 3, 18, 28, назди Маркази саломатии №5, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ғайраҳо гузошта шудаанд.
Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ гардидаанд.
Масъулини мақомоти ҳифзи муҳити зист иброз доштанд, ки ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо- тоза нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад.
Дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб мекунад ва метавонад ба баланд бардоштани маърифати сокинон ва меҳмонони шаҳр мусоидат кунад.