31 Октябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТТ №14 аҳли тарбиятгирандагон, мураббиён, маъмурият ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабинии идона Ҷашни Меҳргонро истиқбол намуданд.
Дар васфи Меҳргон ва фасли тирамоҳ шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.
Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд.
Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд.