25 Сентябр 2023
Таърихи ҳар шаҳр – ин қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърих ва сарнавишти мардумест, ки онро бунёд намудааст. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад ва ҳар шаҳри хурду бузург симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ, унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил менамояд. Хуҷандшаҳр низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест.
Шаҳри Хуҷанд дар шумули шаҳрҳои куҳанбунёд меистад ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи мавқеъ ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Шаҳри Хуҷанд, ки онро шаҳри офтобӣ низ мегўянд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зина ба зина рушд мекунад ва мавқеи ишғолнамудаашро ба кишвар ва мардуми сарбаландаш собит месозад. Дар баробари дигар дастоварду пешравиҳои намоёне, ки шаҳри Хуҷанд дорад, тантанаи Рўзи шаҳр низ ба феҳрасти тадбирҳо ворид шудааст. Аслан, Рўзи шаҳрро шаҳре таҷлил менамояд, ки ба ҷаҳон бо фарзандони фарзонааш, бо кашфиёту тараққиёти суръати кайҳонияш муаррифӣ гардидааст.
Бале, 25-уми сентябр рўзи шаҳрест, ки онро оламиён «Тирози ҷаҳон» мехонанду ин шаҳр чун шаҳри накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунар- мандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистони азизи мо даврони соҳибистиқлолиро аз сар мегузаронад.
Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Вақте ба таърихи беш аз 2500-солаи шаҳр назар менамоем, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Арўси дунё», «Беҳҷатмаол», «Мумтози шарқу ғарб» ва “Хуршедшаҳр” ном баровардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сарварӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард ва инкишоф ёфт.
Имрўзҳо шаҳри мо дар чашми муосирон гул мекунад. Бемуҳобот он ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфта истодааст. Алҳол беш аз 240 корхонаи саноативу истеҳсолӣ, 7 донишгоҳ, даҳҳо мактабу кўдакистон, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ ва ғайра мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошанд.
Фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгў ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии сокинони шаҳр умед ба ояндаи дурахшон аст.
Даврони Истиқлолият ба Хуҷанди бостон рўҳу тавони тоза бахшида, боғшаҳри мо ба худ симои наву тозаро касб намуд ва аз шарофати истиқлол ва файзу баракати он рушду нумўи тоза ёфт.
Тавре огаҳем, имрўз Тоҷикистон бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари озоду обод ва шукуфою дилрабо табдил ёфт. Дар ин радиф дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуд.
Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавони мо дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрўз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки Хуҷанд бештар бо фарзандони бузургаш – мунаҷҷиму риёзидони забардаст, устоди донишмандон Абўмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х), шоиру адибони номвар Собиту Садриддини Хуҷандӣ (асри ХI), Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ (асри ХII), Маҳастии Хуҷандӣ (асри ХII), Зиёуддини Хуҷандӣ (асри ХIII), Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (асри ХIV) ва дигар ашхоси мўътабараш ифтихор дорад.
Дар маркази Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор гирифтани шаҳри Хуҷанд омили иртиботи доимӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешравию рушди маънавию иқтисодӣ гардид.
Ҳамшаҳриёни азиз, ҳамаи шуморо бо Рўзи шаҳр, рўзи худшиносӣ, рўзи худогоҳӣ, рўзи ифтихор табрику муборакбод намуда, саодатмандиву хонаободӣ ва хушиҳои рўзгор таманно менамоям.