09 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба 32 солагии Истиқлоли давлатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳамроҳии сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода собиқадори соҳаи тандурустӣ Хайрулло Ёқубовро аёдат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳангоми дидорбинӣ бо Хайрулло Ёқубов гуфт, ки Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми мамлакат масъулияти азиме низ мегузорад. Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Собиқадори соҳаи тиб Хайрулло Ёқубов, ки баъди хатми МТМУ №5 ва факултети дорусозии Донишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд зиёда аз 40 сол дар соҳаи дорусозӣ ва хизматрасонӣ ифои вазифа намуда, дар рушди соҳа ва тарбияи мутахасисон саҳми шоиста гузоштааст, гуфт, ки шукронаи Истиқлоли давлатӣ мекунем, ки ба беҳтарин неъматҳо соҳиб шудем. Ин ҳама ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадаст, ки мо вазифадорем ҷавононро дар руҳияи дӯст доштани сарзамин ва хизмат ба Давлату миллат тарбия намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд