08 Сентябрь 2023
Недоступен ни однин перевод.
8 сентябри соли 2023 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ гузаронида шуд.
Қабл аз гузашти низомӣ, хизматчиёни ҳарбӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун рамзи муқаддас аз назди иштирокчиёни паради ҳарбӣ гузаронида, дар сафи пеши дастаҳо қарор доданд.
Сипас ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фармондеҳи паради ҳарбӣ – командири қисми ҳарбии 01972 генерал-майор Ҷамшед Мамадзода оид ба омодагии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми вилоятро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошад, чунин таъкид намудаанд: «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд».
Воқеан ҳам, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, раванди таъсис ва ташаккули он ба марҳилаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост меояд.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар он солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд,-иброз дошт роҳбари вилоят.
Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз қодиранд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан - Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро мекунанд ва бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти тахрибкорона ҳимоя менамоянд.
Дар идома паради низомии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, захираҳои сафарбарӣ, афсарону сарбозони гарнизони Суғд ҷараён гирифта, дар он афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус, қӯшунҳои сарҳадиву хушкигард, курсантони муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, суд ва прокуратура, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти иҷро, гумрук, андоз, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.