18 Август 2023
Недоступен ни однин перевод.
Дар Маркази саломатии №4 ҷомеаи меҳнатӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ Рӯзи табибонро таҷлил намуданд.
Дониёр Худойзода, сардухтури Марказ номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустиро ба аҳли ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҳар сол рӯзи 18-уми август чун анъана дар рӯзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, аллома ва файласуфи бузургу беназири олами Шарқ Абӯалӣ ибни Сино иди касбии табибони тоҷик таҷлил мегардад ва ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз ҷон рӯйи каф гирифта, баҳри ҳифзи солимии мардум талош меварзанд. Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, собиқадорон, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва кулли кормандони алоқаманди соҳаро бо иди касбӣ самимона муборакбод намуда, бароятон тани баофият, рӯзгори ободу осуда, хотири ҷамъу болида ва дар кори пуршарафатон барору комёбиҳо хоҳонам”.
Таъкид шуд, ки ба соҳаи тандурустӣ, ки арсаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд ва муассисаҳои тибро бо техникаву таҷҳизоти замонавиву пешрафта таъмин менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».
Дар ҳақиқат, рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад.
Сипас ба як қатор фаъолон ва собиқадорони Маркази саломатии №4 тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд