17 Август 2023
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии роҳи кўчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд расман ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар маросими маъракаи мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди 12 500 адад иншооти таъиноташ гуногун бомраом идома дорад.Соли ҷорӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 230 килметр роҳҳо мумфарш, ҳолати 2000 километр роҳҳо беҳтар гардонида шуда, 1200 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
Итилоъ дода шуд, ки роҳи кўчаи «Интернатсионалист»-и маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд беш аз 1 километр буда, дар маҷмуъ 9000 метри квадратиро ташкил медиҳад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчии корҳо ҶДММ “Суғдроҳсоз” Хуҷанд мебошад. Сокинони кӯча бо ҳашари дастҷамъона дар ду канори роҳ новаҳои обгузарро ташкил намуда, хатти обу ташнобро низ роҳандозӣ намудаанд.
Аҳли «Интернатсионалист»-и маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат истиқболи гарм намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон дар канор наистода, бо ҳамраъйии дастҷамъона диёри хешро то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу мунаввар менамоянд.
Сипас, бо дуои неки пирони маҳалла ба мумфаршкунии асосии роҳ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд