(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва роҳбарону масъулини муассисаҳои таълимии шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.

Нахуст оид ба ҳамкории шуъбаи маориф ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба афзалиятнок эълон гардидани соҳаи маориф аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Моҳира Темурова маърӯза ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори таҷлили бошукўҳи ҷашни фархундаи 35-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рўҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ бо дили гарму рўҳи қавӣ ва умеду орзуҳои нек ба ояндаи дурахшони кишвар фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд.

Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дарсҳои кушод ба роҳ монда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон бо маром идома дорад.

Дар асоси Консепсияи миллии тарбия: тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ,тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифат, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи зебопарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи тафаккури интиқодӣ, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, тарбияи масъулиятшиносӣ, тарбияи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша-чорабинӣ корбарӣ рафта истодааст.

Зикр гардид, ки бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон нисбати донишомўзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо, ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмиву тадқиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 240 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок варзида, корҳои илмию тадқиқоти худро ҳимоя намуда, сазовори 78 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо байни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Дар сессия хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ҳамагӣ 61 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Моҳи майи соли равон дар гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар сессия аз шаҳри Хуҷанд 61 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ корҳои илмии худро аз рўи фанҳои дақиқ ҳимоя намуданд.

Сипас дар музокира сарвари Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Орифҷон Умаров, мудири кӯдакистони №25 Муяссара Валиева баромад намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда маърӯзаҳои иловагӣ намуданд.

Дар ҷараёни кори машаварат намояндаи Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар машварати кормандони соҳаи маорифи шаҳр баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамасола баргузории машварати августии омўзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек буда, нишони қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати фидокоронаи омўзгорон мебошад. Таъкид гардид, ки ҳамагон аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунем, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, як мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамоянд.

Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар ифтитоҳи чандин иншооти замонавӣ иштирок намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша дар бунёд, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар шаҳри Хуҷанд, дар соли хониши сипаригардида, ду муассисаи нави таълимӣ: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ва муассисаи таҳсилоти томактабии №18 бо номи “Шукуфаи Истиқлол” мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон сохтмон ва азнавсозии муассисаи таҳсилоти томактабии №9 бомаром идома дорад.

Боиси хурсандист, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон - 2022” омўзгори фанни физикаи Литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷўрабой ғолибият ба даст оварда, бо Ҷоизаи ин озмуни бонуфуз сарфароз гардонида шуд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр пешрафти хонандагони лаёқатманд зери назорати махсус қарор дода шуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати маърифатомўзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 141 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, сазовори диплому ифтихорномаҳо гардиданд. Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани 120 мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.

Боиси ифтихор аст, ки 2 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр аз Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат ва Литсейи донишкадаи политехникӣ ба гирифтани аттестати аъло бо медали тилло сарфароз гардонида шуданд.
Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои пажўҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ҳамасола сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 72 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин 13 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ гашта, 19 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.

Соли равон 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба гирифтани стипендияи Президентӣ мушарраф гашта, 65 нафар сазовори стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ниҳоии он 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии гимназияи №1, Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат, литсей барои хонандагони болаёқат ва омӯзгори гимназияи №24 Маҳфуза Тӯрабекова ғолибият ба даст оварда, бо диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” бошад 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълими шаҳр аз Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва литсейи №1 ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ ва 3 адад сипоснома мушарраф гардиданд.

Албатта, дастоварду комёбиҳои аҳли маориф хеле зиёданд, аммо то ҳануз ба таври комил онҳо моро қонеъ карда наметавонанд ва муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд меҳнати фидокорона ва тарбияи шоистаи насли наврасро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дастоварду комёбиҳои ҳам омўзгорон ва ҳам шогирдонро афзунтар намоянд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки барои тақвият бахшидани равобити оилаву мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қонуни миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки дар тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақши муҳим мегузорад ва ҳамаи моро водор бар он менамояд, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем. Ин қонун агарчанде ба таври қаноатбахш дар ҷомеаи имрўза амалӣ мегардад, вале ҳанўз ҳам ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задани наврасону ҷавонон моро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи онҳо бештар масъулият зоҳир намуда, ба бетарафӣ роҳ надиҳем.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд, дар яке аз баромадҳои худ дар шаъни омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шуълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.

Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омўзгорон омодааст ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба муаллимон низ ҳамеша дасти ёриву мадади хешро мерасонад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода дар баробари вазифагузориҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо гуфт, ки мо ва ҳама аҳли маориф ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо шаҳомату кўшиши дастаҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдонамон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор бошем ва парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон намоем.

Сипас ба як қатор фаъолони соҳаи маориф нишони фахрии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...