16 Август 2023
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, оид ба вазъи омодагии ба давраи тирамоҳу зимистон шинос шуданд.
Аснои боздид роҳбари вилоят вазъи омодагии муассисаҳои тиббӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, барои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли сармо қарори Ҳукумати мамлакат ва қарори марбутаи Раиси вилоят ва Раиси шаҳр ба имзо расида, ташкилоту идораҳо вазифадор гардидаанд, ки маводи сӯхтро захира намоянд. Дар беморхонаҳои номбурда захира намудани ангишт ва ҳезум ба нақша гирифта шуда, қисме аз он ворид карда шудаааст.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуда, фаъолияти марказҳои гармидиҳӣ пурра таъмин карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки як сол пеш бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксиген ифтитоҳ гардида буд. Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд