16 Август 2023
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили сокини маҳаллаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд собиқдори меҳнат Маъруф Норхӯҷаев рафта, мавсуфро аёдат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори меҳнат Маъруф Норхӯҷаев, ки беш аз 25 сол дар Комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд хизмати бенуқсон намудааст, аёдат намуда, маблағи пулӣ ва маводҳои ғизоӣ тақдим кард.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ин қишрҳои ҷомеа ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави вилоят ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.
Собиқадори меҳнат Маъруф Норхӯҷаев ва аҳли оилааш барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд