(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt8 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро, ки аз 5 то 8 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе давлатҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он — хушксолӣ ва камобии пайдарҳам зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкилтар гардонида истодааст.

Сарвари давлат дар робита ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурданд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бояд вазифаи ҳар як фарди бедордил бошад.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад аз ин рӯ кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки барои беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ барои мавсими зимистон диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ба таври ҳатмӣ кишти такрориро ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ 3-4 ҳосил гиранд.

Барои ба талабот ҷавобгӯ кардани фазои сармоягузорӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки ҷалби сармоя, амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро зери назорат гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корро ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои афзоиш додани қарз, аз ҷумла пешниҳоди қарз ба соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, ба минтақаҳои дурдаст тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли равон суръати рушди истеҳсоли маҳсулот дар баъзе корхонаҳои коркарди маъдан, саноати ангишт ва саноати сабук коҳиш ёфта истодааст.

Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ислоҳи вазъи бамиёномада, инчунин дар самти ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот вусъат бахшанд.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд сохтмон ва барқарорсозии 12 000 иншооту биноҳо, аз ҷумла 700 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 26 фоизи нақша иҷро гардидааст.

Тибқи таҳлилҳо, вазъи иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят суст ҷараён дорад, ки аз масъулин андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро талаб менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҳти назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор дода, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда супоридани иншооти ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Супориш дода шуд, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, бояд ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ, дар навбати аввал, инфрасохтори иҷтимоӣ, бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ равона карда шаванд.

Ба роҳбарону масъулони вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои ҳамаҷониба омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва аҳолӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 чораҷўйӣ намоянд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, фаъолон ва сокинони вилоят ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, заҳматдӯстӣ ва риояи интизоми хизматӣ барору комёбӣ орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...