(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ ва як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.

Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи истифодаи солҳои тӯлонӣ ин роҳ фарсуда гардида буд ва он пурра азнавсозӣ карда шуд.

Корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шудааст. Паҳноии асфалти роҳ аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.

Дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар сохта, ду пули мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.

Дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, новаҳои обгузару обпарто ва бунёди иншооти ҳимоявии шафати роҳ бунёд шудааст.

Масолеҳи сохтмонӣ — регу шағал ва асфалти гарм аз корхонаи “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” таъмин карда шудааст.

Таъкид карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тадбирҳои муҳими бунёду азнавсозии иншооти коммуникатсонӣ буда, дар рушди иқтисодӣ — иҷтимоии минтақа нақши муҳим дорад. Зеро ин роҳ минтақаи калони саноати кӯҳкории кишвар — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, силсилаконҳои Зарнисору Бургунда, минтақаҳои кишоварзӣ ва деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳро ба маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд мепайвандад. Роҳи нав вақт ва хароҷоти бору мусофиркашониро кам карда, шароити меъёрии ҳаракати воситаҳои нақлиёти бору мусофиркашонро фароҳам меорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои дар муҳлати пешбинишуда анҷомёфта баҳои баланд дода, саҳми ширкату корхонаҳоро барои татбиқи лоиҳа назаррас арзёбӣ намуданд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...