(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани 200 нафари дигар имконпазир аст.

Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 — 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл», ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.

Эҳёи дубораи корхона қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави кориро тақозо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда — ресмони пахтагин имрӯзҳо ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур имконият дорад, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо риштаи пахтагин таъмин намояд.

Тибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздик ба 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сармоягузорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” дастур доданд, ки дар оянда истеҳсоли ришта дар як сол ба 8 ҳазор тонна расонида шуда,  бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, хусусан коркарди пурраи аёши хом, дар ин ҷо чор марҳилаи комили истеҳсолот, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дар оянда анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки дар мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба хориҷ афзоиш ёбад. Масъулони корхонаи ресандагӣ нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли пахтаро ҳам ба роҳ монанд.

Сармоягузорон ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.

Дар намоиши маҳсулоти тайёр иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Зелал” дар як қатор давлатҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро таъсис додааст ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммали истеҳсолӣ ба коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ комёб хоҳад шуд. Таъсиси чунин корхонаҳо аз як ҷониб ба таъмини пурраи бозори дохилу хориҷ бо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ бо нишони “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат намояд, аз тарафи дигар боис ба он мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...