(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.

Тавассути бунёди ҳамин гуна маркази хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва дар асоси таҷрибаи ғанӣ ба роҳ мондани фаъолият хизматрасонӣ ба талаботи муосири сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир таваҷҷуҳи кормандонро ба хизматрасонии сатҳи баланду босифат ҷалб намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино фаъолияти аввалин намояндагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёвар” дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.

Дар ин ҷо ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази калони савдо, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ истифода намоянд.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир фаъолият бо афзалият ба иқтисодиёти рақамӣ асосан ғайринақдӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Бо истифода аз таҷҳизоту таҷрибаи нав, аз ҷумла шароити худхизматрасонӣ, яхдонҳо, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор ва камераҳои назоратӣ пурра имконияти марказ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ҳамарӯза ба таври шабонарӯзи мизоҷон метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фирмавии Юск (Jysk) ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он фурӯши мебал ва таҷҳизот барои хона ба роҳ монда шудааст. Мизоҷон метавонанд муроҷиат карда, аз хизматрасонии сатҳи баланди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баҳравар шаванд.

Дар ошёнаи сеюми иншоот фаъолияти маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба роҳ монда шудааст. Барои фароғати наврасон таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи дунё дастрас карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини зебогии шаҳру ноҳияҳо, фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва пешрафти иқтисодиёт муҳим арзёбӣ намуданд.

Равшаннамоӣ ва зебогии атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи стандарти лоиҳавӣ таъмин карда шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим намуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон имрӯз ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳо баҳравар ҳастанд.

Бунёду навсозии иншооти замонавии соҳа ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани шароити таҳсилу зисти ятимон натиҷаи дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.

Дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш имрӯз ҳавасмандии ин гурӯҳи наврасонро барои таҳсили намунавӣ ва оянда хизмат кардан ба нафъи давлату миллат афзун гардонидааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...