(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати ёдбуди 100 солагии дорандаи ҳар се дараҷаи Ордени Шараф, Иштирокчии ҶБВ, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Пўлод Атаев чорабинии илмию фарҳангӣ бо иштироки Раёсати собиқадорони шаҳру вилоят, пайвандон ва аҳли мањаллаву хонандагону омӯзгорон сурат гирифт.

Нахуст дар зери нимпайкараи Пӯлод Атаев чун рамзи эҳтиром ба ҷоннисориҳояш дар ҳифзи Ватан гулчанбар гузошта шуд.

Меҳмонон бо либос ва ашёҳои истифоданамудаи марҳум ошноӣ пайдо карданд, ки хеле муассир буд.

Дар оғози ҳамоиш директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд Манзура Ғанизода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам дорандаи ҳар се дараҷаи Ордени Шараф, иштирокчии ҶБВ, Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Пўлод Атаев аз чеҳраҳои мондагор ва шахсияти барҷастаи кишвар буда, ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба ҳифзу посбонии давлат, тарбияи кадрҳои шоистаи замон, бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст.
Боиси ифтихор аст, ки яке аз муассисаи таълимии шаҳр ба номи мавсуф гузошта шудааст. Зиндагиномаи Пӯлод Атаев намунаи барҷастаи хизмат ба халқу Ватан ва дарси ибрати тамоми наслҳои минбаъда аст.

Таъкид шуд, ки чун ба саҳифаи китоби зиндагиномаи марҳум Пўлод Атаев менигарем, мебинем, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон буданд, барои насли имрўз, як мактаби таҷрибаи кору ҳаёт мебошанд. Омўзиши ҳаёту фаъолияти ин абармарди ватандўст дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст. Ҷоиз ба қайд аст, ки пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан, ки аз сиёсати меҳварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Сипас муовини Раиси Шўрои собиқадорони вилояти Суғд Шавкат Алиев, муовини Раиси Шўрои собиқадорони шаҳри Хуҷанд Зайниддин Зунунхӯҷаев, омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №27 Фарангис Баҳодурова ва дигарон баромад намуда, аз хидматҳои мавсуф дар роҳи ҳифзи Ватан ва ҷонисориҳояш ёдоварӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Пӯлод Атаев аз хурдӣ меҳнатдӯст буд ва айёми наврасию ҷавонӣ дар артели мӯзадӯзӣ ва матбааи шаҳр кору фаъолият дошт.

Ӯ тобистони соли 1942 ба комиссариати ҳарбӣ омада талаб кард, ки вайро ба фронти ҷанги зидди фашистон фиристанд. Маҳз далерӣ, матонат ва ҳушёриаш буд, ки ба гуруҳи разведкачиён дохил карданд. Пӯлод Атаев дар муҳорибаҳои назди шаҳрҳои Маскваю Сталинград иштирок карда, чун фарзанди дилбанди халқи тоҷик корнамоиҳои зиёди ҷангӣ нишон дод.

Матонату ҷасорати ӯ вақти зада, пас гардонидани душман, хусусан вақти убури дарёҳои Дон, Днепр, Прут ва Дунай равшан ба назар расид. Кори аввал дар деҳаи Краснийии вилояти Кировград барои тарконидани нуқтаи отшфиони душман ва аз майдони ҷанг баровардани командири маҷрӯҳ сазовори дараҷаи 3-юми Ордени Шараф(1943), барои ноқис намудани алоқаи байни қӯшунҳои душман ва асир гирифтани аскарони немис ба дараҷаи дуюми Ордуни шараф лоиқ дониста шуд.

Пӯлод Атаев соли 1944 дар ду деҳаи вилояти Одесса бо шаш нафар разведкачиён 3 пулемёти дурзани фашистиро аз кор бароварданд. Дар ин ҷанги нобаробар 310 нафар аскарони душман ба ҳалокат расид ва 10 нафар асири гуруҳ шуданд. Барои зуҳуроти ин матонат Пӯлод Атаев бо дараҷаи якуми Ордунеи Шараф комёб шуд.

Аз номи пайвандони марҳум Пӯлод Атаев-Киромиддин Атаев баромад намуда, барои арҷгузорӣ ба хидматҳои марҳум ва ёдоварӣ ааз ин марди накӯном ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуд.

Барномаи пурмазмуни фарҳангӣ ва тарбиявӣ ба муносибати ёдбуди 100 солагии Пӯлод Атаев ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки фарзандону пайвандони марди шарифу накуном, дорандаи ҳар се дараҷаи Ордени Шараф, Иштирокчии ҶБВ Пўлод Атаев дар оянда низ бо кору заҳматҳои шабонарўзӣ баҳри ободии Ватан номи марҳумро боз ҳам зиндаву ҷовид хоҳанд гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...