(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози мулоқот доир ба сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати дохиливу хориҷӣ ва маорифпарварию хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи дастовардҳои навин қадамҳои устувор мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон, хосатан донишҷўён ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати аввалиндараҷаи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.

Таъкид шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ба пояҳои асосии бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд.

Аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастоварҳои бузург ноил гардидем.

Истиқлолият ҳуқуқи моро ба эҳёи давлати миллӣ, мероси пурғановати таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллиамон устувору таҳким бахшида, барои ҳар чи бештар рў овардан ба таъриху фарҳанг, суннат ва анъанаҳои беҳтарини аҷдодиамон дар роҳи рушду болоравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандустӣ, ахлоқи ҳамида тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз имкониятҳои зиёд фароҳам овард.

Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрўз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш рафта истодааст.

Илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад.
Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои боэътимод ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳиму тақдирсоз ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад.

Барҳақ, Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон, аз ҷумла қайд намуданд, ки; «Ҷавонон ояндаи боэътимоди халқу миллат, мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем». Аз ин хотир, эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷўҳи ҳамарўза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон равона карда шудааст. Дар ҳама давру замонҳо маъвои асосии илму дониш таълимгоҳҳо мебошанд. Вобаста ба ин дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба рушди таълимгоҳҳо ва ободии онҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Шаҳрдор гуфт, ки аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқололият ислоҳот дар соҳаи маориф мебошад. Дар ҳамин давра барқарор намудани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо, қабули барномаву лоиҳаҳои нав, беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили мактабҳои типи нав, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, литсейҳои муштарак, мактабҳои хусусӣ ва амсоли инҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, аз рўи барномаҳои хоси худ фаъолият мекунанд, бартарияти назарраси худро дар пешрафти илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нишон доданд.

Дар замони Истиқлолият илму маориф ва донишу фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузург дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. Дар ин самт ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамчунин, фарогирии ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна тавсеа ёфта, бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат лоиҳаҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуданд, ки ин ба рушди соҳибкории ҷавонон афзалият медиҳад. Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Терроризм ва ифротгароӣ, ки оқибатҳои фоҷиабору ҳалокатовари он ба ҳамагон равшан аст, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Зикр гардид, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷинояткорӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем. Бахусус дар айёми пурталотуми имрўзаи сайёра ин падидаи нанговар аз ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавононро талқин мекунад, ки ба ҳар гуна воқеаҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонем, ҳизбу равияҳое, ки имруз давлати тинҷу ороми моро халалдор месозад, маҳкум намоем. Амалӣ сохтани ин тадбир бошад, аз ҳар яки мо ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносиро тақозо менамояд. Ҳамаи ин хислатҳо бояд хоси ҷавонон - ояндасозони кишвар бояд бошад.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ карда гуфт ки барои он, ки дар самти пешравии илму дониш боз ҳам ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем, аввалан зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маориф рўй оварад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш ҳамеша талош варзанд. Шумо ҷавонони имрўза ба қадри истиқлолияту озодии Ватан- ин неъмати бебаҳо мерасед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоед, дар ҳар ҷое ки бошед, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор менамоед. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ вобаста ба донишомӯзии ҷавонон ва фаъолияти арзандаи устодону омӯзгорон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сипас якчанд нафар донишҷӯён бо суолу дархости хеш ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ба 200 нафар донишҷӯёни фаъол маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...