(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳр Хуҷанд конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Муаммои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираи обӣ” бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олӣ, коршиносон доир гардид.

Усмонҷон Ахмедов, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, паёми директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли ҳозирин расонид. Мавсуф дар баромадаш зикр дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро аз ҷониби давлати Тоҷикистон қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо ҳиси баланди худшиносӣ, садоқат ба ватандорӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 дар рӯзҳои ҷашни байналмилали Наврӯз, ки ташаббускораш ҷониби Тоҷикистон буд, дар Созмони Миллали Мутаҳид шуниданд.Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Вобаста ба муҳимияти ташаббуси мазкур, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо, пиряҳхо ва ҳифзи он, дидгоҳи нав дар рушди истифодаи оқилонаи об Зафар Розиқов, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Турди Турдиев, дотсенти кафедраи географияи табии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”, Толмас Сайфуллоев, омӯзгори калони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, ва Абдувалӣ Ҳомидов, директори Маркази обу ҳавосанҷии вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Нотиқон баён доштанд, ки мушкилоти нарасидани оби тозаи ошомиданӣ аз асри XX ин ҷониб мушкили глобалии замони мо ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Тибқи омор, тақрибан 1/5 аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар он ҷо оби тозаи ошомиданӣ басандагӣ намекунад. Илова бар ин, 1/4 аҳолӣ бинобар набудани инфрасохтори зарурӣ барои кашидани он аз обанборҳо ва дарёҳо аз норасоии об дучор мешаванд. Ҳамзамон давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад. Танҳо соҳибхирадӣ, сиёсати дурнигарии Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки барои ҳифзи неъмати бебаҳои табиат, яъне об сарҷамъона талош варзем.

Конференсия бо саволу ҷавоб байни иштирокдорон ва коршиносон ба кори худ анҷом бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...