(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати шашум вакилон барои номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд ба номи Олимҷон Ҳасанов раъй доданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович 2 августи соли 1947 дар оилаи яке аз маорифчиёни шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1965 мактаби миёнаи №4-уми шаҳри Хуҷандро хатм намуда пас аз он таҳсили худро дар Донишкадаи давлатии политехникии Тоҷикистон идома додааст.

Аз бахши сеюм таҳсили худро барои идома додан ба Донишкадаи муҳандиси сохтмонии ба номи В.В.Куйбешиви шаҳри Москва гузаронида шуда, ин донишкадаро соли 1970 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта ҳамчун омўзгор давоми як сол дар Донишкадаи давлатии политехникии Тоҷикистон фаъолият бурда, тирамоҳи соли 1971 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ даъват гардида, хизмат намудааст.

Баъд аз адои хизмат боз ба шаҳри Хуҷанд баргашта фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сохтмончӣ дар идораи сохтмонии №1-уми трести «Ленинбодсохтмон» оғоз намуда, баъдан дар соҳаҳои гуногун -директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати саноати маҳаллии Тоҷикистон, сармуҳандиси умури сохтмони асосии комиҷроияи вилояти Суғд, соли 1979 мудири шуъбаи саноату нақлиёти комитети ҳизбии шаҳри Хуҷанд, соли 1982 сардори шуъбаи якҷоякунӣ ва ба нақшагирии маблағҳои сохтмони асосии Госплани ҶШС Тоҷикистон, котиби аввали комитети партиявии шаҳри Турсунзода, соли 1990 котиби аввали комитети партиявии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1988 то 1990 ду маротиба вакили Шўрои Олии Тоҷикистон, аз охири соли 1991 то соли 1995 раиси комитети идоракунии амволи давлатии вилояти Суғд, аз соли 1995 то соли 2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва аз соли 2016 то соли 2020 ҳамчун мушовир дар маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият бурдааст. Вакили иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум буд.

Кор ва фаъолияти ўро ба назар гирифта, 30 августи соли 2000 бо унвони Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 августи соли 2014 бо унвони Шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шудааст.

Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович 30-юми октябри соли 2020 дар синни 73 солагиаш вафот кардааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дониёрова таъин карда шу...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Наҷмиддинзода Г. Наҷмиддинзода Г. Наҷмиддинзода Гулчеҳрахон 15-уми апрели соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1990 Филиали И...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...