(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school)-ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Муассисаи нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хоса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг» таъсис дода шудааст.
Мактаби замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна иборат мебошад ва дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.
Бинои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо тамоми шароити муосир таъмин карда шудааст ва дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази таълимии фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, 6 хуҷраи корӣ, толори фарҳангӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 110 нафар дар як баст, китобхона бо адабиёти гуногуну толори хониш, толори варзиш ва майдончаи варзишии тобистона мебошад.
Ҳамчунин дар назди мактаби нав Муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шудааст.
Кӯдакистон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, дорои шаш синфхонаи барҳавои машғулиятгузаронӣ ва ҳуҷраҳои хобу истироҳат барои дӯстрӯякон мебошад. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ имконоти мусоид мавҷуд аст.
Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 нафар пешбинӣ гардида, бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар пойтахти мамлакат беш аз 70 нафар, аз ҷумла 23 мутахассис ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ба муассисаи таълимӣ бо роҳи суҳбат қабул карда мешаванд.
Дар муассисаи навтаъсиси таълимӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Дар мактаби навтаъсис дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамзамон кӯдакони муассисаи томактабию ибтидоӣ ба маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла намудҳои гуногуни варзиш, хореография ва рақси мавзун ҷалб мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз муассисаи нави таълимӣ иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг»-ро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз имконоти муҳайёгардида роҳнамоӣ карданд.
Таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳадафҳои асосӣ дар самти таъсиси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мешавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...