(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 111 солагии Рўзи матбуоти тоҷик бо иштироки фаъолони раасонаҳои хабарӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аҳли қаламро ба муносибати Иди касбиашон аз номи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон соҳаи матбуот ва васоити ахбори омма ба як ҷузъи асосии маънавият, инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа ва як рукни муҳими сиёсӣ табдил ёфта, таваҷҷӯҳ нисбат ба ин соҳа қадам ба қадам бештар зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки дар қаламрави мамлакат бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11-уми март таҷлили Рӯзи матбуот, ки ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст, далели возеҳи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа маҳсуб меёбад. Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рӯшан карда буданд, то ба имрӯз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад”. Дарвоқеъ ҳам, матбуот силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар қиёс кард.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – кормандон, собиқадорону алоқамандони мӯҳтарами соҳаи матбуот ва аҳли қаламу суханро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустии ҷовидона, саодати рӯзгор, дастовардҳои эҷодӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо орзу менамоям.

Фирўза Нуруллозода афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Имрӯз дар саросари кишвар садҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои иттилоотиро пур намуда истодаанд, ки он бар манфиати шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Абдумаҷид Бобоҷониён, собиқадори матбуот ва Ҷовиди Аштӣ, намояндаи рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар вилоят Суғд аз нақшу эътибори ВАО дар ҷомеа ва рисолати он сухан гуфтанд.

Сипас ба як қатор рўзноманигорони фаъол, ки дар муаррифии шаҳри Хуҷанд саҳми муносиб мегузоранд, Сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...