14 Октябр 2014
Дар Тоҷикистони соҳиб-истиқлол, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардум-дӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро меёбад. Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат ба дӯш доранд.
Имрӯз бо маънои томаш ба рӯзи хайру эҳсон ва ҳиммату таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа нисбати пирон, барҷомондагон ва маъюбон табдил ёфтааст. Таҷлили ин сана далели эътибори Ҳукумати мамлакат ва Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳое, ки тамоми умри бобаракаташон харҷи хизмати халқу Ватан гардидааст, ҳар варақи китоби зиндагиашон дарси панду андарз барои наслҳост, умрашон мактаби тарбияи имрӯзиёну фардоиён аст, шаҳодати таваҷҷуҳ нисбати ашхосест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд, балки ҳамеша сарбаланданд.
Онҳо ҳама вақт дастгирии давлату ҳукуматро эҳсос мекунанд, аз ғамхориҳо ҳамеша бархурдоранд. Мунтазам зиёд кардани нафақапулии маъюбон ҷорӣ кардани имтиёзҳо, аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём-инҳоанд номгӯи тадбирҳое, ки Ҳукумат ҳамеша барои дастгирии моддию маънавии маъюбон раво мебинад, коре мекунад, ки норасогиҳои муваққатии зиндагиро маъюбон ҳарчӣ камтар эҳсос намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Ҷаноби Олӣ, сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нисбати пирону барҷомондагон ва шахсони бо онҳо баробаримтиёз, ашхоси яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.
Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки пирони рӯзгор, маъюбон ва ниёзмандон аз доираи ин ғамхорӣ дар канор намонанд, ҳамеша бархӯрдор аз дастгириҳо бошанд, нафақапулиашонро сари вақт бидуни таъхир гирифта тавонанд ва иҷрои Барномаи дарозмуддати «Ғамхорӣ», ки муҳимтарин нуқтаҳои принсипи инсон-парвариро фарогир асту маҳз ба ҳамин хотир мураттаб шудааст, марҳила ба марҳила таъмин гардад. Ба чунин амали хайр баробари мақомоти иҷроия корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ низ даст мезананд.
Зиндагии инсон мисли фаслҳои сол баҳор дораду хазон, гармию сардиҳояш тоқатфарсову нороҳоаткунанда. Вале, бояд зист, мубориза бурд то нобарориву мушкилоти зиндагӣ паси сар шавад. Албатта, барои аз имтиҳони ҳаёт бо сарбаландӣ гузаштан иродаи қавӣ, кӯшишу ғайрат ва ҷаҳд баҳри амалӣ гардидани орзуву ҳавасҳои дар дил парварида лозим аст.
Бо эҳтиром ва ифтихор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 65-солагии ташкилёбии Маркази Хуҷандии иҷтимоии-эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод менамоям. Дар ин рӯзи саид ба Шумоён умри бардавом, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти пурсамари ҷамъияти-атон барору комёбӣ ва муваффақиятҳои нав ба нав таманно мекунам.
Ҳамеша соҳибирода ва сарбаланд бошед!