13 Октябр 2014
Чанде пеш яг гурӯҳ занҳои фаъол ва аъзоёни Шӯрои бибиотунҳо омодагии худро бобати расондани қумак дар чиниши пахта ба деҳконон изҳор намуда буданд.
Бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ин ташаббусро роҳбарияти Ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров пазируфта, барои иштироки занони фаъоли маркази вилоят дар чаниши пахта, омодагии худро баён намуданд.
Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 нафар занон ба пахтазори хоҷагии ҷамоавии ба номи Р Набиев, ки дар мавзеи Навобод ҷойгир аст, ба қумаки деҳқонон рафтанд.
Занони ташаббускори шаҳр то анҷоми рӯз 863 килограмм пахта чида, саҳми худро барои ҳар чи тезтар ҷамоварӣ намудани ҳосили деҳқонон гузоштанд.
Дар байни занони фаъол Меҳриниссо Ҳайдарова, Маҳбубахон Раҳимова Муҳтарам Кодирова, Мушарраф Ёқубова, Мавҷуда Қосимова ва Мастура Темурова ҳамчуни чинакчиёни беҳтарин бештар аз ҳама аз 40 то 60 кг ҳосил ҷамъоварӣ намуданд. Аз ҷониби хоҷагӣ барои чинакчиён музди чиниши пахта бо ҳисоби барои ҳар як килограмми пахтаи чидашуда 60 дирамӣ пардохта шуд.