(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМАРДУМИ ТОҶИКИСТОН БО ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ХЕШ ЧУН НЕРЎИ ТАВОНО ВА ТАЪМИНГАРИ ОСОИШИ ҲАЁТ ИФТИХОР МЕКУНАНД

Баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳони имрўза ба таъмини моддӣ – техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин ҷода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самти муҳими ҳарбӣ – стратегӣ, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки асоси пешрафту тараққиёти кишварамон мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд. Имрўзҳо, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рў ба рушд оварда, рўзгори мардум обод гаштааст ва сокинони кишвар шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона менигаранд. Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Бо таваҷҷўҳи пайваста айни замон Артиши миллӣ амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намуда истодааст. Зеро, бо қудрату тавоноӣ ва омодагии комил Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо бо садоқату мардонагӣ вазифаи пурмасъули хешро иҷро менамоянд. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунанд.

Маҳз бо боварию эътимоди қавӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш иброз намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.»
Қувваҳои мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерўи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.

Мусаллам аст, ки иқтидори ҳарбии мамлакат аз тасаввур бештару беҳтар аст, баростӣ то ба ин сатҳ расидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ, тартибу низом, аслиҳаву муҳимоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз намудани Артиши миллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистони азизамон дар тамоми қаламрави кишвар боиси аҳсану офарин аст. Табиист, ки ин ҳама бо сайъу талоши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат рўйи кор омадааст. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро 30 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, дар майдони холӣ аз таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Мусаллам аст, ки иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо то имрӯз дар дохили кишвар ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯи низомиро тайёр кардем. Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ санаи 22. 07. 2021 дар дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба қазияи Афғонистон зикр намудаанд, ки : “Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем. Ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Ин суханҳо аз ҷониби сиёсатмадорони давлати Афғонистон ва мардуми он истиқболи гарм пайдо намуд. Аз ҷумла Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи фейсбукиаш аз суханронии ахири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Пешвои миллати моро дӯсти ҳамешагии Афғонистон хонд.

Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст:"Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон буда ва ин воқеият як бори дигар дар суханронии ахири ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбозтоб ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар, Афғонистон ҳарчи зудтар соҳиби сулҳ ва оромиши сартосарии пойдор гардад".

Ҳамчунин як қатор коршиносон, шаҳрвандони Афғонистон дар сомонаҳои минтақавию байналхалқӣ ҷасорат, самимимият ва инсондўстии Пешви муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда, онро намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу оини халқиятҳои Афғонистон арзёбӣ намуданд. Масалан Аҳмад Муршед навиштааст: “Сипос ба Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон! Барои ҳамдилӣ ба халқияти афғон”. Сайфурраҳмон Аҳадӣ гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон инсони комил ва хуб аст. Тоҷикистон ҳамсояи наздики мо ва забони мо. Худованд чунин қаҳрамонҳоро дар паноҳаш нигоҳ дорад”. Ҳусайн Саидзода наивштааст, ки «Орзу дорам, ки Афғонистон низ чунин Пешво ва сиёсатмадор дошта бошад. Эҳсосот воқеъӣ ва ғамшарикӣ ба халқи Афғонистон ҳис карда мешавад. Зиҳӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон-Эмомалӣ Раҳмон”.

Мусаллам аст, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд. Ва ба қадри озодӣ, оромӣ ва таъмину амнияти кишвар мерасанд то ба кадом дараҷа муқаддас будани онро дарк менамоянд.

Ин баҳои одилона ва холисона коршиносон ва сокинони Афғонистон бори дигар сиёсатмадори дар сатҳи ҷаҳони будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маъракаи густурдаи низомии чанде қабл баргузоршудаи "Марз-2021" собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мастаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд.

Мо бояд шукрона ин давлату миллат намуда, дар канори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.



Маъмури Юсуфзод,
котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...