16 Феврал 2023
Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.
Фаъолияташ соли 1996 оғоз шуда, то соли 2001 омўзгори фанни назарияи иқтисодӣ дар кафедраи гумруки ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буд.
Фаъолияти минбаъдааш дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров идома ёфта, аз соли 2001 то соли 2007 муовини декани факултаи ҳуқуқшиносӣ, аз соли 2007 то соли 2015 мудири кафедраи муҳосибот ва аудит ва аз соли 2015 то соли 2017 муовини ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров буд. Аз моҳи июни соли 2017 то то моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи сармутахасиси шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.
Бо забони русӣ озодона муошират мекунад. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
Пўлотов Мунир Мухторович бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 01.09.2022 сол таҳти №357 ба вазифаи мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.