(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявии илмӣ –амалӣ таҳти унвони “Рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: саҳми профессор Рофиев Ҳамдам Қутфиддинович” бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ профессор Муҳиддин Нуриддин, олимони соҳа, наздикон, пайвандон ва шогирдони профессор Ҳамдам Рофиев баргузо гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид. Бо талошҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 сол дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохили кишвар 31 ҳазору 614 нафар мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шудааст. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 172 ҳазору 800 нафар ҷавонон ба итмом расонидаанд. Яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббии кишвар 204 ҳазору 413 нафар мутахассис тайёр карда шудааст.

Танҳо соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббиро 16 ҳазору 640 нафар ҷавонон хатм кардаанд. Бо дарназардошти норасоии табибон дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, имсол 336 нафар хатмкунандагони нахустини он соҳиби маълумоти олии тиббӣ гардиданд.

Имрӯз тарбияи мутахассисони миёнаи тиббӣ дар 34 коллеҷ ба роҳ монда шудааст, ки аз он 18 коллеҷ ғайридавлатӣ мебошад.
Ҳоло дар коллеҷҳои тиббӣ 60 ҳазору 327 нафар донишҷӯён таҳсил доранд ва соли ҷорӣ ин муассисаҳоро 14 ҳазору 615 нафар хатм кардаанд. Ин раванд имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздиктарин муассисаҳои тандурустии кишвар бо кормандони миёнаи тиб пурра таъмин карда шаванд.

Мусаллам аст, ки барои пешрафти соҳаи тандурустӣ саҳми олимони шинохта, мутахассисони варзидаи соҳа хеле калон аст. Яке аз поягузарони тибби муосир, ки ба рушди тандурустӣ, бахусус соҳаи эпидемологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишвар саҳми бузург гузоштаанд, шодравон Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев ба ҳисоб мераванд.

Олими намоёни тиб профессор Ҳамдам Рофиев дар тӯли умри пурбаракоти худ барои беҳдошт ва солимии аҳли ҷомеа бо неруи зеҳнӣ ва ақлонии худ хизмати босазо гузоштааст. Саҳми ӯ махсусан дар рушди муассисаҳои тибби вилоят, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси соҳа шоистаи зикр аст.

Сипас муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мунаввара Додхоева, мудири кафедраи эпидемология ба номи Ҳамдам Рофиеви Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Гулнора Усмоновава дигарон баромад намуда, аз кору пайкор ва хидматҳои анҷомдодаи профессор Ҳамдам Рофиев дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат сухан ронданд.

Таъкид шуд, ки Ҳамдам Рофиев яке аз барҷастатарин ташкилотчиёни риштаи тандурустии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти ӯ ба мураттабу хушсифат гардонидани кори муассисаҳои тандурустӣ, омода сохтани мутахассисони соҳаи тиб, баланд бардоштани дараҷаи таълиму тарбия дар мактабҳои тиббӣ, ба талаботи замона мувофиқ гардонидани ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо бахшида шудааст. Чӣ тавре зикраш рафт, маҳз бо ташаббус ва кӯшишҳои ӯ курси эпидемиология кушода шуд, ки минбаъд дар заминаи он кафедраи ҳамном таъсис ёфт. Ташкили Коллеҷи тиббӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд (соли 1994) таъсиси факултаи тиббӣ дар сохтори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1990) ба роҳ мондани фаъолияти кафедраи эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ (1994) низ дар ҳайати факултаи фавқуззикр натиҷаи заҳматҳои Ҳамдам Рофиев мебошад.)

Ҳамчунон қайд кардан лозим аст, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор даромадани филиалхои Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд соли 1978–1994 ва ташаккул ва ба истифода додани даҳҳо беморхонаҳо, озмоишгоҳҳо, таваллудхонаҳо ва дорухонаҳо ба фаъолияти Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев иртиботи бевосита дорад.

Профессор Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев дар ҷараёни фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва тиббӣ таҳияи 54 тавсияи методиро анҷом дод, ки ҳамаи он имрӯзҳо дар амалияи тиббӣ ҷорӣ гашта, мавриди истифода қарор доранд. Гузашта аз ин, ӯ соҳиби се шаходатномаи ихтироъ мебошад, ки ҳамчунон барои хидмати халқ корбаст шудаанд. Инчунин, Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев дар таҳияи корбасти ду барномаи умумимиллӣ доир ба мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ (вараҷа) ва гепатит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки бевосита дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расидааст. Таълифоти илмии Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев то имруз зиёда аз 600 адад аст, ки 8 китоби дарсӣ ва 16 монография ба ин ҷумла медарояд. Дар айни замон боз ду китоби дарсӣ ва ду луғати бузургҳаҷмӣ яке шомили бахшҳои эпидемиология, гигиена, вирусология, паразитология ва бемориҳои сироятӣ, дигаре иборат аз нуфрадоти мушкилфаҳмӣ «Фидоят-ул-мутаъаллимин фӣ-т-тиб» ба чоп расидааст.

Фаъолияти илмию омӯзгории Ҳамдам Қутфиддинович соли 1967 дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ба маҷрои тозае ворид шуд. Ба ӯ муяссар гашт, ки дар заминаи кафедраи мазкур курси эпидемиологияро созмон диҳад. Соли 1968 он ба кафедраи мустақил табдил ёфт. Барои кори муназзаму муттасили кафедраи тозабунёд шароит фароҳам овардан лозим буд. Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев бо сари баланд аз уҳдаи иҷрои ин вазифа баромад ва то соли 1970 роҳбарии кафедраро ба зимма дошт. Ҳамдам Рофиев соли 1970 бо фармони Вазири тандурустии Тоҷикистон сардухтури санитарии шаҳри Хуҷанд ва соли 1972 сарэпидемиологи вилоят таъин гашт. Дар муддати кӯтоҳ Хадамоти вилоятии санитарию эпидемиологӣ ба муассисаи намунавӣ табдил ёфта, байни муассисаҳои ҳамрадиф дар миқёси Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол кард.

Соли 1978 Ҳамдам Рофиев роҳбарии Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷандро ба ӯҳда гирифт. Бо шарофати заҳматҳои ӯ ҳайати тифоқу тавоное, ки мутахассисони беҳтаринро дарбар мегирифт, ташаккул ёфт. Номбурда дар масъалаи корҳои тарбиявӣ мавқеи қатъӣ ва принсипиалиро ишғол намуда буд. Намегузошт, ки ин самти фаъолияти омӯзишгоҳ заифу беназорат монад.

Соли 1994 роҳбарияти вилояти Суғд Ҳамдам Қутфиддиновичро ба вазифаи сардори шуъбаи тандурустии вилоят таъин кард. Соли 1996 ба вазифаи муовини раиси Ҳукумати вилояти Суғд, аз моҳи июли ҳамон сол бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин гашт. Мавсуф солҳои 2000-2003 ҷонишини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2003-2010 мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Феълан, профессории ҳамин кафедраро ба уҳда дорад.

Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Ҳамдам Рофиев аз намояндагии халқ дар Шӯрои шаҳри Хуҷанд се маротиба ва Шӯрои Олии Тоҷикистон аз солҳои 1990-1995 оғоз ёфтааст. Солҳои 1996-2000 узви Шӯрои вилояти Суғд, 1996-2000 узви Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Соли 1998 академик Ҳ.Қ.Рофиев ба гирифтани дипломи узвияти Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ ба номи Алберт Швейтсер ва медали тиллои Алберт Швейтсер, ҳамчунин ситораи калони тиллои академияи мазкур ноил гаштааст. Чунин шараф дар таърихи мавҷудияти он танҳо ба иддаи ангуштшумор аз байни чеҳраҳои шинохтаи тибби муосири дунё, дорандагони ҷоизаи Нобел насиб гаштааст. Аз ҷониби дигар раёсати академия профессор Ҳамдам Қутфиддинович Рофиевро ба ҳайси намояндаи он дар Тоҷикистон писандид.

Академик Ҳамдам Қутфиддинович Рофиев узви ифтихории Ҷамъияти байналмилалии академикҳои Ню-Йорк, ШМА интихоб гардид. Академик Ҳ.Қ.Рофиев дорандаи ордени «Нишонаи фахрӣ» мебошад. Ҳамчунон ӯ ба гирифтани унвони «Корманди шоистаи соҳаи тандурустии Тоҷикистон», «Аълочии маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС ва ғайра сарфароз гаштааст.

Зикр шуд, ки тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба ҳамеша дар маркази диққати профессор Ҳ.Қ.Рофиев қарор дошт. Таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии ӯ 20 нафар ба ҳимояи рисолаи докторӣ ва 40 нафар ба ҳимояи рисолаи номзадӣ муваффақ гашта, изофа бар ин, аз ҷумлаи шогирдони устод 3 нафар аз барои рисолаҳои докторӣ ва 7 нафар аз барои рисолаҳои номзадӣ таҳқиқ бурда истодаанд.
Дар ҷараёни конфрон филми ҳуҷҷатӣ оид баа фъолият ва рўзгори ибратбахши профессор Ҳамдам Рофиев намоиш дода шуд.

Аз номи пайвандон фарзанди Ҳамдам Рофиев-Мирзоамон Рофиев баромад намуда, баро ташкили чунин як конфронс ба дастандаркорон арзи сипос намуд.

Дар конфронс бо мақсади зиндаву ҷовид мондани номи професор Ҳамдаам Рофиев пешниҳод карда шуд, ки бо нмои мавсуф идрорпулӣ таъсис ва ҳамасола 3 нафар донишҷўёни аълохони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд барандаи эълон карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...