09 Октябр 2014
Бо мақсади таҳлили воқеӣ аз вазъи корҳо дар иншоотҳои сохташаванда Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи муовини худ Дадоҷон Абдуллоев, сардори идораи сохтмони асосӣ Музаффар Шокиров, кумитаи заминсозӣ Абдухалил Ёрматов, мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Акмал Ғайбуллоев ва дигарон аз чанд мавзеҳои сохтмонӣ боздиди корӣ ба амал овард.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз сохтмони манзили истоқоматии 32 ҳуҷрагӣ, ки аз ҷониби ширкати «МИКО» бунёд мешавад дидан намуда, аз лоиҳаи он, рафти корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Зеро сохтмон бо риояи тамоми талаботҳои мавҷуда сурат гирифта, ба ғайр аз пешбинӣ намудани тамоми шароитҳои муосир, лоиҳаи бино таваққуфгоҳи нақлиётӣ,майдончаи варзиширо дар бар гирифтааст. Пешбинӣ мешавад, ки дар ошёнаи якум маркази савдои замонавӣ барои сокинон хизмат расонда, ҷойҳои нави корӣ пайдо хоҳад шуд. Ҳамчунин иншооти аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Аюб Тоҳиров сохташаванда низ аз 56 ҳуҷраи истиқоматӣ, маркази савдо ва тарабхона иборат буда, тибқи нақша корҳои сохтмонии ин бино давоми ду сол ба интиҳо расида ба истифода дода шавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани он 56 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ мегарданд.
Раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонӣ ва риоя нагардидани чанде аз иншоотҳо эроди ҷиддӣ гирифт.
Аз ҷумла ба иншоотҳои сохташавандаи аз ҷониби «Ариана-Л» соҳибкори инфиродӣ Мавзуна Тоҳирова бобати чанд камбудиҳо ба монанди номувофиқати лоиҳа, аз партови сохтмонӣ тоза накардани мавзеи сохтмонӣ мавҷуд набудани таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва майдончаи варзишӣ вайрон намудани қоидаи истифодаи қувваи барқ ва ғайра қайд гардида, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта се рӯз мӯхлат дода шуд.
Идораи ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва шаҳрсозӣ кумитаи заминсозӣ, идораи барқ ва назорати он вазифадор карда шуданд, ки дар мӯхлати муқарраргардида иҷроиши супоришро таъмин намуда чораҳои фаврии муҷозотии қонуниро нисбати роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ва соҳибкор андешанд.