01 Февраль 2023
Дар соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 51 мактаб, аз он ҷумла 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 4 гимназия, 15 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кўдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуд.
Шумораи хонандагони синфи 1 - 4404 нафар (2049 нафар духтарон) мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 45396 нафар хонандагон (21244 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва 2603 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2308 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар ин давра муассисаи таълимии Мактаби Россия - Тоҷикистон, МТМУ ба номи А.П.Чехов сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 аз нав сохта ва барқарор шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд, ки мушкилоти соҳаи маориф аз қабили бунёду аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ, таъмини онҳо бо мутахассисон, ашёву таҷҳизоти хониш, кабинетҳои фаннӣ, тахтаҳои электронӣ, сохтмону барқарорсозии дегхонаҳои гармидиҳӣ, муассисаҳои томактабии хусусӣ, инчунин ба таҳсил фаро гирифтани онҳо қисман ҳалли худро ёфт.
Бахшида ба Рўзи байналмиллалии ҳифзи кўдакон барои кўдакони ятиму маъюбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, саховатмандон ва сарпарастон дастархони идона ташкил карда шуд.
Дар 39 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣÂ ва дар 11 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣÂ дегхонаҳои гармидиҳӣ мавҷуданд.
Бояд қайд кард, ки давоми 5 сол тибқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» - 766 адад компютер харидорӣ карда мешуд. Дар соли 2022 бошад, харидории 154 адад компютер ва 13 адад тахтаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2022 бошад, 206 адад компютер (134,0%) ва 68 адад тахтаи электронӣ (523,0%) харидорӣ карда шуд ва 23 муассисаи таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таълимӣ 78 синфхонаҳои компютерӣ, 1990 адад компютер, 306 адад принтер, проектор 348 адад ва тахтаи электронӣ 283 адад мавҷуд буда,, хамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омўзгорон дар давоми соли 2022 курсҳои даҳрўза барои 927 нафар омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2022 бояд 393 нафар омўзгорон савияи дониши худро баланд бардоранд ва то имрўз  493 нафар кормандони соҳаи маориф, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин ба ҳисоби миёна 125,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Таҷрибаи пешқадами педагогии 36 нафар муаллимони мактабҳо, дастурҳои методии 64 нафар омўзгорон омўхта ва паҳн карда шуданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ҳар 3 сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Айни замон 834 нафар омўзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ тибқи ҷадвал аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд.
Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давоми соли 2022–104Â нафар омўзгорон, аз он ҷумла 61 нафар ба осоишгоҳи «Соҳил», 72 нафар ба осоишгоҳи «Шифо», 8 нафар ба осоишгоҳи «Усмонхўҷа» ва 1 нафар ба осоишгоҳи “Баҳористон”, осоишгоҳи “Авессити Истаравшан”-2 нафар, “Уротеппа” -1 нафар роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои аёдати 81 нафар собиқадорони соҳа ба маблағи 11319 сомонӣ равона гардида, омўзгорону мураббиёни пешқадам бо Ифтихорномаҳои соҳавӣÂ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр бинои алоҳидаро, ки дар тавозуни МТМУ №14 мебошад, ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҷудо карда шуд. Мувофиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷот барои соли 2022 ба Марказ 85 ҳазору 460 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар назди Марказ 25 маҳфили фаннӣ ва 2 маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил карда шудааст, ки ба он 284 нафар хонанда, ба махфилҳои фарҳангӣ-маърифатӣ 24 нафар, ҷалб гардидааст. Махфилҳои забони русӣ, физика, химия, забони англисӣ, география, биология ва технологияи иттилоотӣ дар Марказ баргузор мегардад. Ба ин махфилҳо 276 нафар хонандагон ҷалб гардиданд. Дар даври ҳисоботи дар муассисаҳои таълимӣ 220 махфилҳои фаннӣ ташкил шудаанд, ки ба он 2640 нафар хонандагон ва ба 80 маҳфилҳои фарҳангӣ-варзишӣ 2212 нафар ҷалб гардидаанд.
Барои зуд дастрас гардидани маводҳо, барқияҳо ва хабарҳо байни масъулин оид ба ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимӣ гурўҳи алоҳида дар «Viber» таъсис дода шудааст. МДРИ шаҳр бо шабакаи умумиҷаҳонии ИНТЕРНЕТ пайваст буда, почтаи электронӣ (email: Данный адрес e-mail защищен от спам-ботов, Вам необходимо включить Javascript для его просмотра. ) фаъол аст. Дар хотираи компютери марказ натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннии хонандагон, чорабинӣ ва мусобиқаю озмунҳо маҳфуз аст. Бо роҳбарони махфилҳои Марказ гурўҳи алоҳида дар «Viber» таъсис дода шудааст, ки дар он рафти машғулияти махфилҳо, маводҳо ва ғайра дарҷ мегардад.
Боиси зикр аст, ки ҳамагӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии вилоятӣ барои синфҳои 5-11-ум 86 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он ҷойи 1- 31 нафар; ҷойи 2-25 нафар; ҷойи 3- 30 нафар шуданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, олимпиадаи ҷумҳурявии даставӣ барои синфҳои 9-10, олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон аз фанҳои табии-риёзӣ ва ҷамиятӣ-гуманитарӣ барои синфҳои 5-6 ва 7-8, ки дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор гардид, 204 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 5-11-ум 116 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он ҷойи 1-20 нафар; ҷойи 2-25 нафар; ҷойи 3- 71 нафар шуданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ дар соли таҳсили 2021-2022 - 1241 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, барои гирифтани 439 ҷойи ифтихорӣ, аз он ҷумла ҷойи 1- 161 нафар, ҷойи 2-57 нафар, ҷойи 3-108 нафар, ҷойи 4- 113 нафар сазовор шуданд. Инчунин, барои ҳар як иштирокчии олимпиадаҳои фосилавӣ сертификатҳо оид ба иштироки фаъолона супорида шуд. Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даврҳои олимпиадаҳои байналмилалии гуногун идома дорад.
Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии IMEC-2022 (Хитой), ки аз фанни математика моҳи феврал баргузор гардид, 140 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ба даври дуюм 81 нафар роҳхат гирифтанд ва 25 нафар хонандагон барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ бо сертификатҳои олимпиада сарфароз гардиданд.
Дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалии FISO-2022, ки аз фанни математика моҳи январ баргузор гардид,114 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии МТМУ №2, 9, 12, 23,28, 31, гимназияи №4, №13, литсейи №1, МТДБХБ, ЛБХБ, ЛДП, гимназияи “Ганҷ”, МТУҒ “Пўлотов”, ”Ирфон”,”гимназияи Гёте”, “гимназияи Кавсар”,”Камоли Хуҷандӣ” иштирок намуданд ва 32 нафар барои гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ, аз он ҷумла ҷойи 1- 3 нафар,ҷойи 2- 10 нафар,ҷойи 3- 19 нафар мебошад.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП-155, Қарори Раиси вилоят аз 11.02.2022 сол, №93 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва баҳри амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзишӣ фанҳои риёзӣ, дақиқÂ нигаронида шудааст.
Даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар миқёси шаҳр гузаронида шуд.
Дар назди шуъбаи маориф истироҳатгоҳи тобистонаи фароғатию солимгардонии беруназшаҳрии “Парвоз” воқеъ дар деҳоти Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамуд, ба азнавсозӣ ниёз дорад, бинобар он мавсими дуюм аст, ки истироҳатгоҳи тобистонаи “Парвоз” фаъолият накарда истодааст. Дар назди 17 муассисаҳои таълимии шаҳр лагерҳои наздимактабӣ фаъолият намуд.
Дар асоси фармоиши Вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби расмии “Маркази дарёфти рушди истеъдоҳо”- и назди Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14- умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид. Дар он шаш муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо теъдоди 52 нафар иштирок карда, 17 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар олимпиадаи даври якум (мактабӣ) 24542 нафар иштирок намуда ба даври дуюм (шаҳрӣ) 21849 нафар танҳо хонандагоне, ки сазовори ҷойи якум гаштанд роҳхат гирифтанд.Дар даври дуюм (шаҳр) 456 нафар ҷойи намоёнро ишғол карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи пешниҳод мактабҳои нав бунёд намуда, бо ҷалби сарпарастон синфхонаҳои иловагӣ, таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии садамавиро барқарор намуда истодааст. Соли ҷорӣ МТМУ №28Â азнавсозӣ ва ба истифода дода шуд.
Ҳамагӣ дар 47 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 10304 нафар кўдакон фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо, дар кўдакистонҳои давлатӣ – 8156 нафар тарбиятгиранда, дар кўдакистонҳои хусусӣ- 893 нафар кўдакон тарбия мегиранд, дар 9 муассисаҳои таълимии МТМУ №3, 5, 12, 15, 17, 20, 27, МТҒ Паймон ва Пўлотов марказҳои инкишофи кўдакон бо фарогирии 246 нафар ва дар кўдакистони Президентӣ 1009 нафар кўдакон таълиму тарбия мегиранд.Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Хуҷанд 19679 нафар кўдакони синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо дар кўдакистонҳои шаҳр 53,0 фоизи кўдакон фаро гирифта шудаанд.
Бахшида ба таҷлили Рўзи байналмиллалии ҳифзи кўдакон рўзи 1-уми июн дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона ва озмуни расмкашӣ дар рўи мумфарш байни тарбиятгирандагон гузаронида шуданд. Дар боғи фароғатию истироҳатии “Наврўзгоҳ”, аз тарафи шахсони масъули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ №6, 2, 14, 15, 19, 22, 24, 28, 35 майдончаи афсонавӣ бо персонажҳои афсонавӣ ва айёниятҳои рангоранг оро дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои томактабӣ тибқи иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» рейдҳо, машғулиятҳо, мусобиқаи варзишии “Офарин”ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ҳар як маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Хуҷанд муассисаҳои томактабӣ бунёд шуда истодааст. Дар аксарияти маҳалҳо кўдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ 41 майдончаи варзишӣ ва 31 толори варзишӣ фаъолият мебарад.