04 Октябр 2014

Шурӯъ аз оғози ҳафтаи равон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили чанде аз сокинони барӯманди шаҳри Хуҷанд, ки собиқаи зиёди корӣ доранд ё аъзои оилаи ниёзманд маҳсуб мешаванд,рафта баробари суханҳои шодбошӣ гуфтан кӯмаки яквақтаи моддӣ дастрас намуд.
Собиқадорони меҳнат Людмила Сафронова ва Тоҳир Саидов алҳол дар нафақа буда, дар баробари он маҷрӯҳи гурӯҳи якум ҳастанд. Парастории онҳоро фарзандонашон ба зимма дошта, онҳо бештар ба доруворӣ ва назорати табибон ниёз доранд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод, ки нисбати таъмини доруворӣ ва муолиҷа набояд онҳо мушкилот дошта бошанд. Ҳамчунин ба оилаҳои камбизоати Собировҳо ва Игамназаровҳо барои таъмини сӯзишворӣ дар фасли зимистон ҳамчунин таъмири манзили истиқоматиашон дастур дода шуд.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи роҳбари дастгоҳи Раиси вилояи Суғд Ғафурҷон Зоиров ба аёдати чанде аз собиқадорони меҳнат аз қабили Мирзомӯъмин Ахмедов, Хосият Зокирова ва омӯзгори шинохта Қосимова рафтанд. Ҳамаи онҳоро бо Рӯзи омӯзгорон, Рӯзи забони тоҷикӣ ва Иди Қурбон табрик намуда суханҳои табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба онҳо расонданд. Ба онҳо дар дастовези идона иборат аз маводи озуқа ҳамчунин кӯмакпулӣ низ супорида шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки бахшида ба санаҳои фархундаи дар боло зикргардида, 2200 нафар оилаҳои шаҳр аёдат карда шуда, кӯмаки яквақтинаи моддӣ расонда шуд.