19 Декабрь 2022
Недоступен ни однин перевод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷандро ба ифтихори 35-умин солгарди мавлуди муборакатонро расонида, бароятон саодатмандӣ, тансиҳатӣ, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пурсамари меҳнатиатон, ки ба рушду нумӯи пойтахти маҳбубамон-шаҳри Душанбе равона гардидааст дастоварду комёбиҳои беназирро орзумандем.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кўшишу заҳматҳои шабонарўзии Шумо дар шаҳри Душанбе - Пойтахти тамоми тоҷикони дунё корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат гирифта, дар ин замина садҳо иншооти нав ба нави замонавӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, варзишӣ ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор дода шуда, симои он ба яке аз шаҳрҳои зебову мунаввар ва пешрафтаи дунё мубаддал гардидааст.
Бори дигар, Шуморо бо солгарди мавлуди накӯятон таҳният гуфта, бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба Шумо, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ҷодаи кору фаъолият дастовардҳои навин ва пешрафту шукуфоии бемайлонро орзумандем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд