04 Октябр 2014
Дар озмун муовини Раиси вилояти Суғд Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Озмуни ҳунармандони хонагӣ ва марказхои таълимӣ, дар даромадгоҳи театр ҳунармандони хонагӣ ва марказхои таълимӣ-истеҳсолӣ бо маҳсули ҳунари худ иштирок намуданд. Озмуни мазкур аз рӯи шартҳои «Меҳнати хонагии занону ҷавондухтарон», «Сӯзанидузӣ» ва «Адрасбофӣ» баргузор гардид. Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён ва Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳсули дастранҷи бонувони ҳунар дидан намуда, нисбати сифат ва ороиши онҳо баҳои баланд доданд. Дар озмун 15 нафар бо иштирок намуда, барои ҳозирон аз ҳунари худ ва усули кор маълумот доданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд тамоми ҳозиринро барои ин иқдоми наҷиб ва саривактӣ аз номи Раиси вилояти Суғд сипосмани намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади худ чанд нуктаҳои муҳими мақсади баргузории ин озмунро баён сохт.
«Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар қаламрави вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд иди атлас ҳамчун намунаи барҷастаи таҷассуми фарҳанги миллӣ бо ҳадафи эҳёи арзишҳои тамаддуни таърихии тоҷикон ва гиромидошти саноати миллӣ таҷлил мегардад.
Ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама дар заминаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Ва он имкон фароҳам меоварад, ки мо ба атлас ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ ва асоси эҷоди либоси миллии тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи давлатдорӣ муроҷиат намуда, ҳамзамон дар айёми бархурдҳои бузурги тамад-дунҳои ҷомеаи муосир симои ҳақиқии як рукни муҳими мил-лиро ҷилвагар созем.
Мардумони тоҷик дар бофту дӯхти навъҳои либос ва таҳияи маводи он тавассути атласи миллӣ эътироф шудаву ҳосили он серхаридортарин шинохта шуда-аст. Истеҳсоли атлас, ки дар дарозои таърихи тоҷикон ҳамеша нуфузи зиёд дошт, имрӯз ҳам шӯҳрату мақомашро аз даст надодааст.»
Баъдан иштирокдорони озмун либосҳои худро аз рӯи шартҳои пешниҳодшуда ва низомномаи озмун намоиш дода шуд. Дар озмуни тарроҳони либосҳои миллӣ бо истифода аз матои атлас ва адрас либосҳои кӯдакона, рӯзмарра ва идонаи худро пешниҳод намуданд.
Баъди тамошои либосҳои пешниҳодшуда дар дӯхтани либосҳои кӯдакона ҷойҳои ифтихориро Муътабар Ёқубова, Раъно Маърупова ва Наргиса Саидова ишғол намуда, дар шарти либосҳои рӯзмарра Елена Мирсаидова ҷойи якумро сазовор гардид. Ба Каромат Ашӯрматова ва Раъно Қаландарова ҷойҳои дуюм сеюмро лоиқ донистанд.
Дар шарти либосҳои идона ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»- ро ба алима Каримова муносиб донистанд. Се ҷойҳои ифтихориро Каромат Ашӯрматова Мухбира Мирзоева ва Дилафрӯз Бобокалонова соҳиб гаштанд.
Ҳамчунин озмуни «Ҳунарҳои мардумии занон ва бонувони хонашин» низ ҷамбаст гардид.
Мувофиқи натиҷагирии ҳакамон ҷойи якум ба Марҳабо Абдуллоева дода шуда, ҷойҳои дуюму сеюмро мутансибан Ойимниссо Қодирова ва Раъно Сангинова соҳиб гаштанд.
Тибқи шарти дигари озмун «Сузанидӯзӣ» бошад Салима Каримова ҷойи якум, Ҳалима Абдурасулова ҷойи дуюм ва Машҳура Ҳомидова ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ҳамаи ғолибон тӯҳфаҳои тасиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.