(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд дар конфронси илмӣДар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода конфренсияи илмӣ- амалӣ  бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарконун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии зодрӯзи мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони «Фарҳанг ва суннати шаҳрдорӣ: Мақоми Хуҷанд дар таърихи шаҳрсозӣ ва шаҳрдории точикон» баргузор гардид.
Конфронсро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, дотсент Ғафурҷон Усмонов ифтитоҳ намуд. Зимни суханронӣ Ғафурҷон Усмонов доири аҳамияти ин конфронс изҳори назар намуда, барои ҷонибдории ташббуси баргузории ин чорабинӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳангоми вохурии Раиси шаҳри Хуҷанд бо мухассилини ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби устоди донишгоҳи мазкур Шавкат Шарифов бобати доир намудани ин конфронс ба Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод шуда буд. Нахустин маърӯзаи илмӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Хуҷанд ва ҷойгахи он дар фархангу тамаддуни шаҳрсозӣ ва шаҳрдории мардуми Шарқ» манзури ҳозирон гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд дар баромади худ аз таърих ва аҳамияти ин шаҳр сухан ронда аз ҷумла қайд намуд: «Таърихи шаҳр хеле қадиму пурщановат буда, ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он ибратбахш ва боиси ифтихор мебошад. Дар ин авроқ саргузашт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, робитаи асрҳо ва наслҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрӯзаи сабзу ҷовидони шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Хуҷанд дар солҳои минбаъда ободу зебо ва ба яке аз марказҳои бузурги маъмурӣ, саноатӣ, фарҳангии мамлакат табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки маҳз дар даврони шӯравӣ Хуҷанд дар байни шаҳрҳои қадими Тоҷикистон нахустин шаҳрест, ки соли 1986 2500-солагии бунёди он таҷлил гардида, бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 22 августи соли 1986 бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шуда буд.Дар замони Истиқлолият Хуҷанд ба худ симои навро касб намуд ва аз шарофати истиқлол ва файзу баракати он рушду нумӯи тоза ёфт. Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, сохти конститутсиониро барқарор намуд ва ба майдони сиёсат сарвари хирадманду оқил ва ҷасуру ботадбир Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созандаю бунёдкор ва оқилонаю дурандешона Сарвари давлат ба як кишвари озод, шукуфо ва мутамаддин табдил ёфтааст».
Баъдан ҳозирон маърӯзаи олимон таърихшиносон Шавкат Шарипов ва Муҳиддин Файзуллоевро шуниданд.
Дар баромади онҳо бобати анъанаҳои мардумӣ посдории суннати миллӣ ва маҳаллӣ меҳвари андеша маҳсуб ёфта, дар баробари он чанд таклифҳои ҷолиби диқкат манзури иштирокдорони конфронс гардид. Аз ҷумла Шавкат Шарипов доири таъриху таҷрибаи танзими нарх дар бозорҳои Хуҷанди кӯхан ва истифодаи он дар шароити имрӯза, анъанаи чойхонадорӣ ва накши дар тарбияи насли наврас ва робитаи амалдорон  бо мардум, маданияту маърифати шаҳрдорӣ, эҳёи номи гузар ва кӯчаҳои шаҳр ва насби таърихнома дар ин кӯчаҳо изхори андеша намуданд.
Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд якчанд олимон ва устодони донишгоҳи мазкур бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳо барномаи консертии ҳунармандони ансамбли «Дилнавоз» -и донишгоҳи мазкур таъби ҳозиронро болида гардонид.
Суханронии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода.
Шаҳрдори фарҳанг ва ҳунар аст: Чашмандозе ба шаҳри муосир аз бурҷу манори шахри қадим Шавкат Шарифов, номзади илмҳои таърих, дотсент:
Мақоми маҳалла чун воҳиди калидии рушди ҳунармандии шаҳр дар Машриқзмин. Муҳиддин Файзуллоев, номзади илмҳои таърих, дотсент:
Конфронсро Ректори Донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки Халқи тоҷик яке аз халқиятҳои қадима ва дорои фарҳангу маданияти арзишманд дар минтақа эътироф гаштааст. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид месозанд, ки «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад». Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат, хоссатан Роҳбари Давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем. Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳояш дар  худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Дар баробари ин тоҷиконро яке аз меъморони бостонии шаҳрсозӣ эътироф мекунанд ва шаҳрҳои бунёд намудаи аҷдодони мо то ба имрӯз аз асолати ғанӣ  ва нотакрор будани худ дарак медиҳанд.
Ғояи ташкили чунин як конфронс ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ зимни мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайдо гардид.
Имрӯз мо аз он мефахрем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз маскани бузурги илму маърифатии кишвар эътироф шудааст, дар баробари номи Хуҷанд доштанаш, ма-кони ҷойгиршавии он низ дар ин шаҳри бостонӣ аст.  Ва табиист, ки нақшу мақом ва иштироки устодону донишҷӯёни ин маъвои хирад, ки маҷмуан беш аз 16 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, дар фарҳанги шаҳрдории Хуҷанд бетаъсир буда наметавонад. Маҳз ин  нуқтаро дарк намуда, дар ҷараёни таълиму тарбия, хусусан дар соатҳои тарбиявӣ устодони мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ, шаҳрдорӣ, шаҳрсозиву шаҳрпарвариро ба донишҷӯён омӯзонанд, ҳамзамон аз мақому эътибор ва таърихии Тирози ҷаҳон маълумот диҳанд.
Моро лозим меояд, ки дар ин радиф баҳри боз ҳам гул-гул шукуфтани шаҳри Хуҷанд мусоидати фаъол намуда, дар ободӣ, зебоӣ ва рушду тараққиёти он саҳм гузорем. Дар канори ин моро лозим аст, ки барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири даврони истиқлол ҳарчи бештар кӯшиш намоем ва дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва савияи маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш саҳми шоиста гузорем Зеро дар давраи муосир, ки густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ аз чумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи мо мебошад, ниёзмандии мардуми кишварамон ба эҳё ва барқарор кардани хотираи таърихӣ, осори фарҳангӣ ва илмии гузаштаи халқамон беш аз пеш эҳсос мегардад.
Бо ин ниятҳои нек конфронси имрӯзаро кушода гуфта эълон менамоям.
Ва тибқи барнома ҳоло сухан ба Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вогузор карда мешавад, ки роҷеъ ба шаҳри Хуҷанд ва ҷойгоҳи он дар фарҳангу тамаддуни шаҳрсозӣ ва шаҳрдории мардуми Шарқ баромад менамоянд.
Дар анҷоми конфронс ансамбли «Дилнавоз»-и Донишгоҳ табъи ҳозиринро болида сохт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...