(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳангии «Суғдиён»- и шаҳри Хуҷанд Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Коференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ифтитоҳ намуд ва ҳайати раёсати кории Конференсия, комиссияи мандатӣ, котибот, комиссияи таҳририяро барои тасдиқ пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон якдилона қабул гардид.

Дар Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 шунида шуда, масъалаи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби сармуҳарири нашрияи «Шафақ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин ҳисобот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 ташкилотҳои ибтидоӣ таъсис дода шуда, он аз 232 ба 249 адад расонида шуд. Дар ин давра теъдоди афзоиши аъзои ҳизб 3 ҳазору 794 нафарро дарбар мегирад. Айни замон шумораи аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 20 ҳазору 45 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 12 ҳазору 674 нафар занон ва 8 ҳазору 601 нафар ҷавонон мебошанд. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 9 ҳазору 671 нафар дорои маълумоти олӣ, 4 ҳазору 913 нафар маълумоти олии нопурра, 3 ҳазору 152 нафар маълумоти миёнаи махсус, 2 ҳазору 309 нафар маълумоти миёна мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки 744 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 87 нафарро докторону профессорон, 657 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.
Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи шаҳрӣ Абдумавлон Азимов шунида шуд.

Ҳамчунин Аюб Усмонзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров», Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович –директори филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии «Сайёҳи меҳанпараст», Тахмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва дигарон баромад намуда, фаъолияти дунимсолаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро қатоатбахш арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан – модар, ҳимояи марзу буми кишвар, дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро доранд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода зимни суханронии хеш таъкид кард, ки ҲХДТ суботи сиёсии кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озодии мардум ҳисобида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти давлат, пешрафту тараққиёт ва тарбияи қадрҳои ҷавон дар давлатдории миллӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳамеша талош дорад. Инунин вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва аҳли аъзоёни ҳизб баён кард.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, дар конфронс баромад намуда, қайд кард, ки фаъолияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба таври шаффоф дар сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, кумиҷроияи шаҳрӣ ва дар нашрияи “Шафақ” мунтазам нашр мешаванд. Гузашта аз ин, мо аз иқдомҳои кумиҷроияи шаҳрӣ дар мавриди баргузории чандин конфронсу ҳамоишҳо сидқан дастгирӣ менамоем. Махсусан, баргузории конференсия марбут ба даҳсолаи оби тоза ва ҳадафҳои стратегии кишвар ҷомеаи моро ҳушдор дод, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ расем.

Аммо бо вуҷуди фаъолияти самарабахши кумиҷроияи шаҳрӣ тавре аз маърӯзаи раиси кумиҷроия бар меояд, ҳанӯз кор дар самти ҷалби аъзо ва иштироки ҳизбиён дар чорабиниҳои ҳизбӣ дар соҳаҳои савдо, бонк, сохтмон, саноат тақвият мехоҳад.
Моро мебояд, ки ҷалби аъзоро аз ҳисоби ҷавонон бештар намуда, фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавон “Созандагони Ватан”-ро тақвият бахшем. Онҳо бояд ба мактаби камолоти ҷавонон ва тарбияи кадрҳои арзандаи ҳизбӣ табдил дода шаванд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад.

Дар идомаи кори Конференсияи XXVIII ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба конференсияи вилоятӣ 68 нафар интихоб намуданд.

Дар масъалаи ҷорӣ ҳайати нави роҳбарияти ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.

Ҳамин тавр, бо розигии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов пешниҳод ва аз ҷониби вакилони Конференсияи XXVIII интихоб ва тасдиқ гардид.

Наим Маликсломӣ, собиқ Раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баъди ҳисоботи 3 соли охир,бинобар ба кори дигар гузаштан, аз ин вазифа барканор гардид. Мавсуф дар ин маснад беш 11 сол фаъолияти пурсамар дошт.

Бояд қайд намуд, ки Бахтиёр Исматҷонов то ин дам дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолият дошт.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 10 нафар аъзоҳои навинтихобгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...