(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

РУШДИ СОҲА НАЗАРРАС АСТ

Воқеан, солҳои охир соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рў ба тараққӣ ниҳодааст. Он афзалиятноктарин соҳа ба шумор рафта, давлату ҳукумат низ барои ривоҷаш тадбирҳои муҳим меҷўяд. Махсусан, бо таҷҳизоти замонавӣ ва кадрҳои баландихтисос таъмин намудани беморхонаҳо, табобати саривақтии ҳар бемор, муомилаи хуб бо ҳар корафтода, пешгирии беморӣ ва дигар масъалаҳои муҳим вазифаи аввалиндараҷаи масъулини ин соҳа ба шумор меравад ва боиси хушнудист, ки рисолати бузурги худро дар сатҳи олӣ ба иҷро мерасонанд. Тайёр кардани табибони соҳибтахассусу ҳамширагони чирадаст низ дар мадди аввал аст, зеро саломатии комили аҳолӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад.

Бале, табибӣ касби пурифтихор аст. Одатан шахсоне пешаи табибиро ихтиёр мекунанд, ки дили нарму пок, забони хуш ва дониши кофӣ доранд. Ин нафарон ба мардуми бемор кўмак расониданро вазифаи ҷонии хеш мешуморанд. Хушбахтона, тамоми табибони кишвари мо аз ин қабил инсонҳоянд. Бо суханони ширин ва дарки амиқ ба беморон шифои комил мебахшанд. Ин нафарон, ки бо хилъати сафедашон миёни ҷамъият обрўву нуфуз доранд, заҳмати бисёр мекашанд. Шабу рўз дар сари болини бемор қарор дошта, барои шифоёбиаш талош меварзанд.
Бале, дар ҳаққи духтур, дармонбахш, пизишк, шифокор, муолиҷагар, наҷотгар, эҳёгар, ки дар маҷмўъ, табиб мегўянд, суханони олӣ гуфтан меарзад. Бесабаб нест, ки маҳз 18-уми августро Рўзи табибон эълон кардаанду ин санаро дар сатҳи зарурӣ таҷлил менамоянд. Аз хизмати духтурон ёдовар мешаванду дар ҳаққашон суханони шоиста мезананд.
Чун дар остонаи Рўзи табибон қарор дорем, сўҳбате оростем бо духтури собиқадор, масъули бахши тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумуталлим Очилович Каримов.
Абдумуталлим Очилович, соҳаи тиб бомаром тараққӣ мекунад. Шаҳри Хуҷанд низ аз ин тараққиёт дар канор нест, балки беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар маконҳои муолиҷавиаш пурра замонавӣ буда, ба ҳар бемору корафтода шароити арзандаро пешниҳод менамояд. Онҳоро саривақт муолиҷа намуда, рисолати худро поквиҷдонона иҷро менамоянд. Ҳамчун масъули ин соҳа боз чиро илова карда метавонед?
-Бале, дар ҳақиқат, соҳаи тандурустӣ рў ба тараққӣ ниҳодааст ва хушбахтона, табибону дигар кормандони соҳа дар беморхонаву марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд поквиҷдонона заҳмат кашида, барои тез шифо ёфтани бемор саҳми муносиб мегиранд. Албатта, дар ин ҷода таҷҳизотҳои замонавӣ мададгори ҳар табиб маҳсуб меёбад, ки онро масъулин саривақт таъмин месозанд.
Тавре аён аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар ҳар баромади пурмўҳтавои худ аз боби омода кардани табибони соҳибмалака, таъмин сохтани ҳар беморхонаву дармонгоҳ ва дигар нуқтаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир, ки барои аниқу дақиқ гардонидани беморӣ мусоидат мекунад, ибрози андеша намуда, масъулинро вазифадор месозанд, то аз тамоми чораҳои зарурӣ истифода баранд. Кўшиши зиёд намоянд, то ки соҳаи мазкур пуриқтидор бошаду барои пешгирию муолиҷаи беморӣ устувор бимонад. Албатта, ҳар дастуру супориши Сарвари кишвар мўҳтарам Эмомолӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар масъулин сармашқи кори худ қарор дода, барои беҳбудии ин соҳа талош меварзанд. Бо дастгирии онон солҳои охир муаммои нарасидани мутахассис, таҷҳизот ва ғайра пурра аз байн рафтааст. Имрўз ҳар шахси корафтода аз беморхона ва ё дигар марказҳои саломатӣ бо қаноатмандӣ баромада меравад ва иқрор мешавад, ки шароит дар ин маконҳо дар сатҳи хуб қарор дорад.
Мегуфтед, ки гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ, пешгириву муолиҷа, бо ваксина таъмин шудани онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар ин ҷода соҳаи тандурустии шаҳр кадом чораҳоро меандешад?
Бояд қайд намоям, ки бахши тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз рўи якчанд барномаҳои ҳадафнок, ки барои пешгириву саривақт муолиҷа намудани бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад, амал намуда, чораҳои мушаххас меандешад. Барномаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сил, вараҷа, ҳорӣ, ВИЧ/СПИД, хелҳои геппатит ва ғайра мавриди назар қарор доранд.
Инчунин, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо шўъбаҳои маориф, фарҳанг, бахши ҷавонон, варзиш, кор бо занон ва оила, кор бо ноболиғон, кумитаи маҳаллаҳо ҳамкории зич дошта, дар ин самт натиҷаҳо назаррасанд. Ҳамчунин, марказ барои пешгирии бемориҳои зуком, ботулизм, зардпарвин, вараҷа, сил, ОРЗ, ВНМО чораҳо меандешад, дар ҷойҳои серодам сўҳбату мулоқот меандешад.
Масалан, чанд соли охир бемории зардпарвин кам ба назар мерасад. Дар ин ҷода Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд саҳми назаррас дорад. Корҳои фаҳмондадиҳиро пурзўр намуда, барои пешгириаш тадбир меҷўянд. Инчунин, дигар бемориҳои сироятӣ низ тадриҷан кам ба назар мерасанд, ки аз хизмати онон дарак медиҳад.
Чун медонем, ду соли охир масъалаи гирифторшавӣ ба бемории сироятии Ковид-19 ҳамаро нигарон кард. Такрор бошад ҳам, бояд таъкид кунам, ки муаммои мазкур духтуронро ҳушёр ва диқиқкор намуд.
Албатта, барои паҳн нашудани ин навъ беморӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раисони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, сардорони кумитаву вазоратҳо ва дигар масъулин чораҳои зарурӣ андешиданд. Шабу рўз дар сари кор буда, барои аз байн рафтани бемории коронавирус тадбир ҷустанд, ки ин хизмати онон ҳаргиз аз хотир намеравад. Ба аҳолӣ фавран ваксинаҳои ройгон расонида шуд ва онҳо ба шарофати ваксинаҳо аз беморӣ ва марг раҳоӣ ёфтанд.
Чун дар боло ишора кардед, беморхона ва дигар марказҳои табобатӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ ва кадрҳои баландихтисос таъминанд. Яъне, ҳар бемори муроҷиаткарда дар шароити хуб, дар Ватани худ муолиҷа мегирад?
Муолиҷаву ҷарроҳии қариб тамоми беморӣ дар худи кишварамон имконпазир буда, мутахассисони ботаҷриба кифояанд. Ҳар мутахассиси тоҷик кўшиш менамояд, ки беморро пурра саломат гардонида, ба хонааш рухсат диҳад. Табиб ҳамон вақте хушбахт аст, ки бемораш пурра шифо ёфта, бо табъи болида баромада равад. Таъминоти соҳаи тиб бо таҷҳизоти замонавӣ низ ҳадафи асосии давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад. Имрўз қариб ҳамаи беморхонаю марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, беморон дар кишвари худамон шифо меёбанд. Яъне, ҳоҷат сафар кардан ба давлатҳои ҳамсоя нест.
Албатта, давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои муаззам тавонист тибби тоҷикро ба рушди мукаммал расонад. Дар ин ҷода, албатта, табибони пуршарафи шаҳри Хуҷанд низ бо дониши баланду малакаи фавқуззикрӣ ба ин соҳа беҳбудӣ ворид карданд.
Ба аҳолии зиёда аз 200 ҳазорнафараи шаҳри Хуҷанд чанд муассисаи тиббие, ки дар тавозуни давлат қарор дорад, амал мекунад?
Дар шаҳр 16 муассисаи тиббии давлатӣ амал мекўнад: аз ҷумла, Беморхонаи клиникии шаҳрии №1, Беморхонаи шаҳрии №2, Беморхонаи сироятӣ, Таваллудхонаи шаҳрӣ, 6 Маркази саломатии шаҳрӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Хонаи кўдакон, стансияи ёрии таъҷилӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим. Ин муассисаҳо шабу рўз дар хизмати мардум қарор доранд. Инчунин, муассисаҳои тиббии хусусии бешумор амал мекунанд, ки ҳама як маром доранд – пешгирии беморӣ, муолиҷа ва ташхиси аниқу мушаххас.
Воқеан, беҳбудӣ дар ҳама ҳолат дида мешавад. Барои пешгирии фавти модару кўдак, ки масъалаи рақами аввал маҳсуб меёбад, чӣ тадбир андешида мешавад?
Бояд қайд намоям, ки масъалаи пешгирии фавти модару кўдак аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи масъулин қарор дорад. Ҳаминро таъкид бояд намоям, ки аз аввали сол фавти ягон модар ҳангоми тавлид ба қайд гирифта нашудааст. Ин падида хушбахтӣ аст ва минбаъд низ кўшиш ба харҷ дода мешавад, ки ҳар модар саломату бардам бимонад. Фавти кўдак низ сол аз сол кам ба назар мерасад, ки ин ҳам болидахотирист.
Дар ҳар маркази саломатӣ «Мактаби модари ҷавон» амал мекунад. Дар он духтурону момдояҳо ба ҳар модари ҷавон оид ба пешгирии бемориҳо, барқарор намудани саломатӣ, эҳтиёт намудани тифли дар батнбуда ва дигар нозукиҳо дарс мегузаранд. Ин тадбир, дар ҳақиқат, манфиати худро нишон дод.
Чун дар остонаи иди касбии табибон қарор дорем, киҳоро номбар намудан меарзад, ки барои беҳбудии соҳаи тандурустӣ хизматҳои шоиста карданд?
Бо ифтихор метавон номҳои табибони номӣ Абдуҷалил Исмоилов, Муҳаббат Ҷўраева, Шафоат Раҷабова, Наталя Умарова, Масъуда Тошматова, Марҳамат Сайдуллоева, Азим Бобоҷонов, Фарҳод Юсуфов, Муқаддас Собирова, Маҳмудҷон Рабеъҷоновро гирифт, ки барои ин соҳа хизматҳои бузург карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...