17 Сентябр 2014
Дар маҳаллаи «Раззоқ» ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмир ва азнавсозии кӯдакистонҳои № 4 ва № 7, ки дар маҳаллаи мазкур ҷойгир аст, муроҷиат намуда буданд.
Нимаи аввали рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарони идораи сохтмон,маориф аз се кӯдакистонҳое,ки дар маҳаллаҳои шаҳр воқеанд дидан намуд. Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд аз шароити таълиму тарбия ҷойи хоб, сифати таълими кӯдакистони № 7 дидан намуд.
Дар ин тарбиятгоҳ 124 нафар кӯдаконро 6 нафар мураббиён таълим дода, теъдоди умумии кормандони он 21 нафарро ташкил медиҳад. Бинои мазкур 60 сол муқаддам мавриди истифода қарор гирифта, мӯҳлати зиёди истифодаи бино ва маҳдудияти имконияти он барои қонеъ намудани талаботи сокинон барои кӯдакистон мушкилӣ эҷод намудааст. Шароити хуби ғизонокӣ ва таълиму тарбия мавҷуд буда, барои тарбиятгирандагон се маротиба хӯрок аз он ҷумла ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад.
Дар боғчаи бачагонаи № 4 бошад 108 нафар кӯдакон дар 5 гурӯҳ таълим мегиранд. Боғчаи мазкур соли равон қисман аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда тирезаҳои он аз нав карда шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз ҳолати корҳои ба анҷомрасондашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод,ки барои бунёди ташноби нав ба шароити зимистон мувофиқ бо тамоми шароитҳои мавҷуда, аз фонди захиравии Раиси шаҳр даҳ ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида дар мӯҳлати 15 рӯз корҳои он ба анҷом расонда шаванд.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити боғчаи кӯдаконаи № 16 ошно гардид. Дар боғчаи мазкур агарчанде масоҳати зиёд мавҷуд аст то ҳол истифодабарии самараноки он ба роҳ монда нашудааст. Раҷаббой Ахмадзода ба роҳбарияти идораи маориф ва боғчаи мазкур бобати бештар эътибор додан ба корҳои гулзоркунӣ ва ободкорӣ, беҳтар намудани номгӯ ва ғизонокии хӯрок супориши қатъӣ дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дод,ки барои ҳар се боғчаи бачагона лоиҳаҳои азнавсозӣ ва сохтмони бинои навро барои баррасӣ пешниҳод намуда, барои соли оянда ба нақша гирифта шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид,лоиҳаи нав бояд фарогири на бояд аз 300 нафар кӯдак ва шароитҳои муосиррро барои чунин муассисаҳои иҷтимоӣ бошад.