08 Сентябр 2014
Дар маросими чорабинии ба ин хотир баргузоргашта дар саҳни ҳавлии коргоҳи мазкур сохтмончиён, ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони шодравон ҷамъ омада буданд.
Чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кушода, қайд намуд, ки хизматҳои шоистаи Акрам Қосимов дар назди халқу давлат ҳамеша манзалати худро хоҳанд дошт. Зеро мавсуф аз корманди оддӣ сар карда то ба вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд дар ободнии кишвар ва тарбияи як зумра мутахассисони соҳаи сохтмонӣ саҳми сазовор дорад. Ӯ аз соли 1993 то 2004 Роҳбари ташкилоти «Суғдинвестсохтмон»-ро ба зима дошта баъдан дар вазифаи муовини Раиси вилояти Суғдро фаъолият намудааст. Ҳамчунин ба ин шахси кордон сохтмончиёну меъморони вилоят то лаҳзаи вопасин Асотсиатсияи ташкилотҳои сохтмониро бовар намуда буданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар баромади худ аз фаъолияти меҳнатии Акрам Қосимовро ёдовар шуда, онро намунаи ибрати имрӯзиён номид.
Додари шодравон Қобилҷон Қосимов барои қадршиносию эътибори давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ нисбати фаъолияту саҳми Акрам Қосимов дар пешоафти шаҳру вилоят изҳори сипосмандӣ намуд.
Баъди пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз намоиши аксҳои ҳаёту зиндагии Акрам Қосимовро дидан намуданд.