(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорону мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рўйи натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ давоми 3 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳр доир ба бурду бохти хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 322,4 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 49,2 миллион сомонӣ ё 18,0 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 101,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 33,8 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 5 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 45 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин, аз ҷониби 72 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 175,9 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 63,1 миллион сомонӣ ё 55,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 117 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 54 намуд ё 46,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин, номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дўхтани либоси варзишӣ, дўхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 101,1 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 104,3 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 1,4 миллион сомонӣ ва 2,5 миллион сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 102,4 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 1,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст.

Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 77,3 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 66,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 100,2 ва 116,2 фоизиро ташкил медиҳад. Яке аз сарчашмаҳои корҳои ба сомонӣ расида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби мутамарказ буда, аз ин ҳисоб дар ҳаҷми 27,3 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда 86,1 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 434,4 сомонӣ рост меояд. Дар шаҳр, баҳри бунёд, эҳё ва таҷдиди майдончаҳою толорҳои варзишӣ, ҷиҳати обутобёбии саломатии ҷавонону наврасон ва тарзи ҳаёти солим 3 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо истифода аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта баҳрабардорӣ карда шуда истодааст. Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 259 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 4 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 22 адад даромадгоҳҳо, 2274 м2 боми биноҳо ва 220 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 138 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 137,5 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, виола, карамгул, карнайгул, 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг ва 500,0 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2022-юм 41,0 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 30,0 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад.

Таъкид гардид, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хосса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 60 адад маҳфилҳои “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон” ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд. Дар ин давра 156 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 39,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давраи ҳисоботӣ 25 нафар омўзгорон ба маблағи 29 ҳазору 760 сомонӣ, ба осоишгоҳҳо роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои муҷаҳҳаз гардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 140 адад компютер ва 40 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, дар ин росто 42 нафар хонандагони синфи 11 барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявии соли ҷорӣ роҳхат гирифтанд.

Инчунин, барои фароҳам овардани шароити хониш сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ва муассисаи таълимии томактабии №18 бомаром идома доранд. Фирўза Нуруллозода дар ҷараёни баромади худ доир ба фаъолияти дигар бахшҳои хоҷагидории шаҳр низмаълумоти муфассал дод.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба соҳаҳои маорифу тиб, занон, ҷавонон ва аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани мушкилот ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдат миллӣ ва ғайра дастуру супоришҳо дод.

Зимни баррасии ҷодаи иқтисодиёт аз масъулини соҳаи саноат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти ширкату корхонаҳоро ҳамоҳангсозӣ намуда, барои иҷрои нақшаи буҷет, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, афзун намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии мутахасисони ҷавон, риояи қонунгузории танзими расму оин, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.

Зимни баррасии мавзуъҳои матраҳгардида Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд бо таҳлилҳои амиқ ва ояндабинӣ фикру андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла афуд, ки дар оянда низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва истиқболи сазовори 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...