(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки ҳар ду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бунёд карда шудааст, боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дар як сол дар маҷмӯъ 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мегардад, ки бо нишони молии “Субҳи заррин” дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифати сатҳи байналмилалӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ин коргоҳ аслан 10 намуди маргарин ва равғани зард аз 150 грамм то 10 кило истеҳсол ва банду баст гардида, мутахассисон тариқи воситаҳои нақлиёти махсуси яхдондор маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол медиҳанд.

Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди шири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва як қисмаш аз хориҷи мамлакат дастрас карда мешавад.

Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда мебошад.

Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Дар ин мавзеъ коргоҳи забҳи паранда бо фарогирии коркард ва банду баст мебошад, ки дорои хати технологии муосири туркӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои истеҳсол то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати паранда пурра ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳ барои қариб 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, дар як моҳ бештар аз 450 тонна ва дар 1 сол зиёда аз 5 ҳазору 400 тонна гӯшти паранда истеҳсол карда мешавад.

Тамоми биною иншооти махсуси соҳавӣ, аз ҷумла барои забҳ, коркард, банду баст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Дар коргоҳ барои муайян намудани сифат озмоишгоҳ низ фаъолият мекунад ва аз ҷониби мутахассисон маҳсулоти тайёр бо мошинҳои махсуси яхдондор ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад.

Оянда бо таъмини бозори дохилӣ гӯшти парҳезии паранда бо банду басти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам содирот карда хоҳад шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон аз фабрикаи мурғпарварии “Насли Истиқлол” –и шаҳр низ боздид кард, ки дар ин коргоҳ давоми 40 рӯз беш аз 40 000 сар чӯҷаҳои навъи бролерӣ тайёр карда, барои забҳи он ба корхонаи дигари саноатии шаҳр пешниҳод мегардад.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар дод ва ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид. Масалан, дар соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзоиш ёфтааст ва ин нишондод дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Ё худ дар давоми 20 сол шумораи корхонаҳои парандапарварӣ аз 21 ба 200 расонида шуда, истеҳсоли гӯшти паранда 9 баробар зиёд гардид. Воридоти гӯшти паранда аз 65 ҳазор тонна ба маблағи 50 миллион доллар дар соли 2014 то 3 ҳазор тонна ба маблағи 9 миллион доллар дар соли 2021 кам гардид, яъне аз рӯи ҳаҷм беш аз 21 баробар коҳиш ёфтааст.

То соли 2017 агар дар вилояти Суғд 65 адад фабрикаи мурғпарварӣ буда, имруз шумораи он ба 125 адад расидааст, ки аксарияти он ба парвариш ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ машғуланд. Гузашта аз ин хоҷагию деҳқонӣ, шумораи зиёди соҳибкорони инфиродӣ ва оилавӣ низ ба парвариш ва истеҳсоли ин навъи гӯшти парҳезӣ машғуланд.

Саршумори мурғи паранда дар соли 2021 дар вилоят беш аз 5 миллиону 500 ҳазор сар паранда мавҷуд аст. Истеҳсоли тухм дар ин давра 637 миллиону 8712 ҳазор дона мавҷуд буд.

Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои аз ин ҳам бештар соҳибкорони вилояти Суғд дар оянда бо таъсиси корхонаҳои парандапарварии нав истеҳсоли гӯшту тухмро афзоиш медиҳанд.

Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни сафари худ ҳамзамон аз корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон ва ҶДММ “Нони гарм” боздид намуд. Дар корхонаҳои мазкур фаъоляти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, миқдори зиёди маҳсулоти тайёр захира ва ба бозор саривақт дастрас карда мешавад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 30 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хоса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯи маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва банду баст мешавад, ки он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои истеҳсолии 174 адад буда, аз онҳо беш аз 50 ададаш ба истеҳсоли беш аз 60 номгӯйи маҳсулоти хӯрока машғуланд.

Дар соли 2021 саноатчиёни шаҳри Хуҷанд ба маблағи беш аз 1 миллиарду 508 миллиону 896 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...