(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён» бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр, намояндагони касбу кори гуногуни шаҳрдорӣ Рўзи модар таҷлил карда шуд.

Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рўзи модар ба самъи ҳозирин расонида шуд, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: «Бузургдошти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Модарон сарчашмаи беинтиҳои меҳру вафодорӣ ва меҳнатдўстӣ буда, дар пешрафти рўзгори фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандўстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлол, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ҳамеша саъю талош менамоянд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс тамоми бонувони Хуҷанди бостониро бо Рўзи модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукӯҳи хосса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Аслан сиришти занону модарони рўйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рў, мо ин рўзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рўзгор ниҳоят бузург аст.

Таъкид шуд, ки зан – модар мураббии аҳли олам ва устоди нахустини ҳар инсон мебошад. Аз ин лиҳоз пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Дар тамоми таърихи тўлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рўҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан – модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии Шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.»

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандўстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.Воқеан, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик занону модарон чун сарчашмаи меҳру вафо, намунаи олии меҳрубонӣ, арзандатарин ҳастии ҳаёт буданду ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷост, ки модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд, зеро онҳо меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба ҳисоб мераванд.

Зикр бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳоро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ намуда истодааст.

Тавре маълум аст, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Шаҳрдор таъкид дошт, ки имрўз бонувон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, ҳамчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф бо ғамхорию таваҷҷӯҳи рўзафзуни Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бардоштани мақому манзалат ва мавқею мартабаи занону бонувон дар ҷомеа вусъати тоза гирифта, он ҳамарӯза дарку эҳсос мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ фаъолгардонии нақши занону бонувонро дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии шаҳр дар фаъолияти доимии хеш қарор дода, минбаъд низ баҳри фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ зикр намуданд: «Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.»

Лозим ба ёдоварист, ки садҳо занони фаъолу пешқадами Хуҷандро, ҳам метавон дар арсаи сиёсат ва ҳам дар самтҳои иқтисодиёту иҷтимоёт ном бурд, ки дар қатори кулли бонувони мамлакат ва мардуми сарбаланди кишварамон бо заҳмати худ дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии маънавият, авҷи корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми сазовор гузошта, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат будани худро собит месозанд.

Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ ба нерўи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «Нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

Раиси шаҳр гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст. Ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад. Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмўъ ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҳамчунин тақвият додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оила буда, аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба дастгирии занону духтарон ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии бонувони соҳибкор грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар имтиёзҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд, ки бонувон бо истифода аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба соҳибкорӣ машғул гардида, дар ин самт ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки дар домони сабзи табиат Шумо – бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед. Бо такя ба нерўи созандаи Шумо – занону бонувони ватандўсту соҳибмаърифат, эътимоди комил дорам, ки ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ дар соли 2022 – юм соли ҷашнгирии 25 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллиамон маҳсуб меёбад шаҳри бостонӣ вале ҳамешаҷавон – Хуҷандшаҳри азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Барномаи бошукуҳи устодони санъат табъи идонаи бонувонро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...