(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муаррифии чоркитоб ё осори чорҷилдаи мунтахаби нависандаи маъруфи тоҷик Додохони Эгамзод таҳти унвони «Шукуҳи Ворух» бо иштироки аҳли илму адаб баргузор гардид.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нишастро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки номи қаламкаши варзида, рўзноманигор ва нависандаи шинохта Дадохони Эгамзод на танҳо барои аҳли адабу фарҳанги тоҷик, балки берун аз он низ шиносу ошност. Дар бораи кору эҷоди ин марди шарифу боҳунар бисёр гуфтаанду ва ҳам навиштаанд. Осори мунтахаботи чорҷилдаи нависанда Дадохони Эгамзод аз камолоти эҷодии ҷадиди ин адиб шаҳодат медиҳад.

Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, сармуҳаррири рўзномаи «Эътиқод» Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лумониддин Камолиддинов, дотсенти кафедраи адабиёти муосири ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Субҳони Аъзамзод, сармуҳаррири рўзномаи «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб, нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ва дигарон дар бораи паҳлуҳои эҷодии нависанда ва китоби чорҷилдаи «Шукуҳи Ворух» андешаҳои хешро изҳор доштанд.

Таъкид шуд, ки осори мунтахаботи чорҷилада бисёр рамзист, ки «Шукуҳи Ворух» ном гирифтааст. Ворух як гўшаи қадимаи сарзамини тоҷикон, дорои суннатҳои миллӣ ва сарзамини афкору андешаҳои созанда, ватандўстона ва меҳанпарварона буд ва боқӣ хоҳад монд. Ин сарзамини куҳани тоҷикон барои матбуоти тоҷик бисёр нобиғаҳои мондагор, аз ҷумла нависанда Додохони Эгамзодро офаридааст ва ба камол расонидааст, ки ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон гардидаанд.

Дар поёни нишаст нависанда Дадохони Эгамзод барои ташкили чунин маҳфил барои чопи китоб ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда азм гирифтааст, ки доир ба таърих, урфу одат ва анъанаҳои мардуми Ворухзамин асари хонданибоб иншо намояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...