(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд. Пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои насли нави корӣ таъмин карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сехҳои истеҳсолии коргоҳ дидан намуда, бо коргарони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал корхона дар ҳаҷми то 50 миллион сомонӣ дар як сол маҳсулот истеҳсол менамояд ва ин нишондиҳанда тибқи нақша солҳои баъдӣ ба 100 миллион сомонӣ расонида мешавад. “Зари Суғд” истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона насб гаридааст, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, чунин шароит имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.

Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ, сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ 30 нафар сокинон соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Дар корхона асосан хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, ба кор ҷалб шудаанд.

Корхонаи заргарии “Зари Суғд” пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаи “Зари Суғд”-ро дар навбати аввал ба кишварҳои ҳамсоя содирот намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мағозаи корхонаи мазкур дидан намуда, бо маҳсулоти ниҳоии он шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи навсозии корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фулузоти нодири Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки то соли 2026 навсозӣ дар тамоми корхонаҳои саноатии ҷамъияти мазкур дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар тавозуни худ 7 корхонаи истеҳсолӣ дорад ва аллакай корхонаи “Хуҷанд — Зил” барои муҷаҳҳазсозии нақлиёти соҳавӣ ба кор шурӯъ намуд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона айни замон метавонад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, нақлиёти махсус барои кормандони милитсия, нақлиёти обкашонӣ ва коммуналиро дар заминаи мошинҳои гуногун навсозӣ намуда, мутобиқ ба талаботи ҷорӣ ба сохторҳои дахлдор пешниҳод намояд. Қисмҳои иловагӣ, ки дар нақлиёти соҳавӣ насб мегардад, истеҳсоли худи корхонаи “Хуҷанд — Зил” мебошад.

Соли ҷорӣ бояд дар корхонаи “Гидрометаллургия” бо гузаронидани корҳои навсозӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти кӯҳкорӣ ва мелиоратсия роҳандозӣ шуда, дар корхонаи “Хуҷанд-Зил” қисмати рехтагарӣ пурра таъмиру муҷаҳҳаз карда шавад.

Ҳадаф аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ минбаъд ҳам ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ афзоиш дода мешавад ва ҳам шумораи ҷойҳои кории доимӣ зиёдтар мегардад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки нақшаи пешбинигаридаро саривақт ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иҷро намуда, дар рушди саноати кишвар ҳиссагузорӣ намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...