(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 20 ноябри соли 2020, №1724 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №689 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» дар нимсолаи аввали соли 2021 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 121130,2 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 7972,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 107,0 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 44013,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 157,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 129,3 ҳазор сомонӣ кам аз нақша ва андоз аз фоида ба маблағи 3718,4 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 3847,6 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 252919,1 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 9396,1 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 103,9 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 85707,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 151,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 726,5 ҳазор сомонӣ кам аз нақша, андоз аз фоида ба маблағи 5119,1 ҳазор сомонӣ кам аз нақша ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблағи 1280,5 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 7126,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 июни соли 2021 маблағи 16755,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 947,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2021 ба маблағи 120470,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 99,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ 77793,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 48992,6 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 19958,5 ҳазор сомонӣ, ба соҳаи фарҳанг 7089,6 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1752,9 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардида, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, 60086,2 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки мутаносибан 64,6 ва 49,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздориҳо ҷой надорад.

Дар ин марҳила барои маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд 18265,3 ҳазор сомонӣ малағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин таъмини иҷрои нақшаро ба андозаи 100 фоиз ташкил медиҳад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, рўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 23664,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 7972,2 ҳазор сомонӣ ҷой доштанаш, 20 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 1594,4 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 318,9 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, таҳти №101, қарори Раиси шаҳр аз 5 майи соли 2021, таҳти №145 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 барои муассисаҳои соҳаи тиб ба миқдори 432 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 956 тонна, ҳамагӣ ба миқдори 1388 тонна муайян карда шуда, то ба ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 229,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 274 тонна ангишт равона шуда, аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бошад ҳуҷҷатҳо барои харидории 432 тонна ангишт барои гузаронидани озмуни тендерӣ омода ва равона шудаанд. Умуман, барои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҳисоби буҷети шаҳр 1151,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо пешбинӣ карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар нимсоли аввали 2021 дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 75-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии 12 нафар шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ба ҳар яке 1500 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 18000 сомонӣ кӯмкпулиҳои яквақтина пардохт карда шуданд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2021 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 74 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил, дар буҷети шаҳр 275652 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шуда, иҷроиши он 259286 сомониро ташкил дод.

Бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишҷўёни коллеҷҳо, донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарон ва таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд стипендияи Раиси шаҳр таъсис дода шуда, ба ин мақсад 123250 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардонида шуданд.

Инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии “Оила, кўча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти озмуни шаҳрии “Оила, кўча ва маҳаллаи беҳтарин”-и соли 2020 гузаронида шуда, барои ин мақсад 59440 сомонӣ маблағҳо аз ҳисоби буҷет масраф шуданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Фируза Нуруллозода Фируза Нуруллозода Заместитель председателя города Фируза Нуруллозода родилась 9 февраля 1983 года в городе Худжанде. В 2004 году окончила ХГУ имени академика...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...

Руководители структур

Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев М. А. Рахимхуджаев Музаффар Анварович родился 8 августа 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2003 го...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Недоступен ни однин перевод.Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи да...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Согласно решению председателя города Худжанда Маъруфа Мухаммадзода от 30 июля текущего года Мухбира Дониёрова назначена заведующим отделом З...
Солизода Рахим Солизода Рахим Солизода Рахим Рашиди решением Председателя города Худжанда с июля 2017 году назначен заведующим сектором транспорта и связи. Солизода Рахи...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...