(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ бо мақсади омодагӣ бо ҳолатҳои фавқуллода баргузор гардид.

Сардори мудофиаи граждании донишкада, директори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади сайқал додани омодагии ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ, фаъолияти комиссияҳо ва неруҳои ғайринизомии Донишкада ба эътино ва амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи таббию техногенӣ мебошад. Дар ин радиф баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии пеш аз ҳама омӯзгорон дар соҳаи ҳифзи кормандон, иқтисодиёт ва ҳудуди Донишкада, ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баландӣ руҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани омӯзгорон ва донишчуён дар руҳияи ҳушёрӣ ва фидокорӣ дар ҳифзи марзу бумӣ Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Сипас баъди садо додани “Бонги хатар”-и шартӣ тамринҳо оғоз гардида, корҳои эвакуатсионӣ ва фаъолияти нерӯҳои ғайринизомии Донишкада амалӣ карда шуд. Ҳолати рухдода ва вазъияти бамаломадаро бо истифода аз нерӯҳои ғайринизоми ва қувваҳои дохили донишкадавӣ бартараф карда шуд ва то омадани қувваҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳолати баамаломадаро зери назорати пурраи Ситод қарор гирифт.

Сипас гузориши сардори неруҳо ба роҳбари ситод манзур карда шуд.

Баъд аз ба итмом расидани машқи махсуси тактикии мудофиаи граждани Роҳбари машқҳо – сардори мудофиаи гражданӣ, директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани машқи мазкур фикру мулоҳиза ва хулосаҳои худро ба саҳми иштироккунандагони машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ расонид.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии омӯзишии мудофиавӣ полковник Ширин Собирзода, муовини сардори Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Суҳроб Маҳмудов, сардори маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Муҳиддин Абдусамадов, сардори маркази таълимӣ методии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, наҷотҳандагони Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, таҳти роҳбарии командири гурӯҳи 3-юми наҷотдиҳии дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд капитан Сорбон Саидов ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.

Таъкид шуд, ки паст намудани хавфу хатар ва пурзӯр гардонидани омодагии аҳолӣ, тайёрии рукнҳои давлатдори ва механизми эътиновии мамлакат ба ҳолатҳои фавқуллода дар ҷомеъаи соҳибихтиёр ва демократии имрузаи мо вазифаест басо пурмасъулу саривақти, ки дар партави ичроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатхо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ то ба солҳои 2030 ба амал бароварда шуда истодааст.

Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...