(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти аъзоёни гуруҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили созовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ифтитоҳ гардид.

Таъкид гардид, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз дар ҷомеа чунин қувваҳое пайдо шудаанд, ки мақсади онҳо ноором кардани вазъи сиёсӣ, халалдор намудани раванди сулҳу ваҳдат, вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, маҳдуд намудани озодиҳои шахсӣ ва ниҳоят дигаргун намудани сохтори давлат мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст.

Дар кори мулоқоти мазкур аъзои гуруҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ аз ҷумла муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Қодиров, сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Шеров ва сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Самариддин Асоев иштирок намуда, оид ба масъалаҳои болозикр ибрози назар намуданд.

Зикр гардид, ки имрӯз, ки мо дар бораи сулҳу оромӣ, амният, сабру таҳаммул, муколама ва муҳовараи дину тамаддунҳои олам сухан меронем, бояд иқрор шавем, ки дин яке аз омилҳои муҳими иттиҳод, сулҳу ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии инсонҳо мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари раванди мусбату мӯътадил ва табии ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расониданд. Дарки нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд. Яке аз вазифаҳои ҷонии мою шумоён тарбия намудани фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои хуби тоҷикон мебошад.

Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ низ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ У, C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1898
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта8293
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта38284
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта64335
mod_vvisit_counterҲамин моҳ242841
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта182861
mod_vvisit_counterҲамагӣ5459937